Ифтитоҳи бинои Меҳмонхонаи “Комрон+П” дар ноҳияи Данғара

0
46

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара меҳмонхонаи “Комрон+П”-ро ба истифода доданд.

Иншооти хизматрасонӣ бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолсозии нақши бахши хусусӣ дар пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз ҷониби соҳибкор Комрон Солеҳзода сохта шудааст.

Масоҳати меҳмонхона 238 метри мураббаъро ташкил намуда, аз 5 ошёна иборат мебошад.

Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамшуда баҳои баланд дода, коргаронро ҷиҳати мутобиқ ба талаботи замон хизмат расонидан ба мизоҷон вазифадор намуданд.

Меҳмонхонаи “Комрон+П” аз 16 ҳуҷра иборат буда, имкон дорад, ки як вақт ба 30 нафар хизматрасонӣ кунад. Ҳамзамон бино дорои ошхона, маҷлисгоҳ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.

Дар вақти бунёди иншооти мазкур 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Баъди ба истифода додани меҳмонхона бошад, 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуданд.

Майдони асосии иншоот 13 садякиро ташкил медиҳад. Саҳни меҳмонхона сафолакпӯш карда шуда, ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шудааст.

Ноҳияи Данғара, ки дорои табиати дилфиреб ва мавзеҳои таърихӣ мебошад, бунёду ба истифода додани меҳмонхона ва ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани шароити хизматрасонӣ ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду ба истифода додани иншооти муосирро намунаи асосии татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бе ҷалби маблағҳои буҷети арзёбӣ карданд.

Меҳмонхона аз ҳисоби маблағҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комрон+П”, ки аз соли 2003 инҷониб фаъолият мекунад, сохта ба истифода дода шудааст.

Таҳкими корҳои ободонӣ ва бунёду ба истифода додани иншооти гуногун аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ пешрафти дучанди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиро таъмин ва ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Меҳмонхонаи “Комрон+П” дар шафати роҳ воқеъ мебошад ва сайёҳону меҳмонон метавонанд минбаъд аз хизматрасонии сатҳи баланди он дар ноҳияи Данғара баҳравар шаванд.

Источник: president.tj