Ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом

0
96

11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар вилояти Суғд бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодомро ба истифода доданд.

Бинои ҳизб дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии  Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом тариқи ҳашар бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Мувофиқи лоиҳа бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, барои кормандон шароити беҳтари корӣ муҳайё карда шуд.

Бинои навбунёд дорои ҳуҷраҳои корӣ буда, бо компютер ва мизу курсии замонавӣ таъмин карда шудааст. Бояд зикр намуд, ки то имрӯз барои кормандони ҳизб дар шаҳри Конибодом чунин шароити созгор мавҷуд набуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои корӣ дидан намуда, барои бунёди чунин як бинои наву замонавӣ аҳсану офарин хонданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро барои фаъолияти софдилонаву содиқона ба нафъи давлату миллат ва амалӣ намудани ҳадафҳои олии ҳизб ҳидоят намуданд. 

Дар таҳхона барои ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон, бахусус духтарони хонашин курси омӯзиши компютерӣ, маҳфилҳои рассомӣ, сабадбофӣ, адрасу атласбофӣ ва тоқидӯзию сӯзанидӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом имконият медиҳад, ки ҷавонон ба курси омӯзиши компютерӣ ҷалб карда шуда, технологияи иттилоотии коммуникатсиониро пурра аз худ намоянд.

Источник: president.tj