Ифтитоҳи бинои қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

0
60

9 ноябр Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд.

 Бино аз се ошёна иборат буда, барои хизмати афсарону сарбозон мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои кории афсарон, нуқтаи тиббӣ, дар ошёнаи дуюму сеюм хобгоҳ барои будубош, ҳамом, китобхона ва маҷлисгоҳ ҷойгир мебошад.

Дар назди иншоот ошхона бо 160 ҷой, толору майдончаҳои муосири варзишӣ, майдони сафороӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ сохта шудааст.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамшуда баҳои баланд дода, афсарону сарбозонро барои содиқона хизмат намудан ба нафъи давлату миллат ва ҳифзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карданд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи моддию техникии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ беҳтар гардида, пайваста афсарону сарбозон дастгирӣ меёбанд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки имрузҳо ҷавонони шуҷои миллат баҳри ҳимояи Модар – Ватан омода буда, сарбаландона саҳми худро дар таъмини сулҳу субот ва сарҷамъии миллат мегузоранд.

Ҳадаф ва рисолати афсарони қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими иқтидори ҷангии Қушунҳои дохилӣ вобаста ба таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи иншооти махсуси муҳими давлатӣ, мубориза бар зидди терроризм, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили ба амнияти ҷомеа хавф эҷодкунанда ба ҳисоб меравад.

Чунин дастгириву ғамхориҳои пайваста ва муракаб гаштани вазъи сиёсии кишварҳои ҷаҳон кормандони ниҳодҳои ҳарбиро, ки бештар масъулияти бузурги ҳифзи Ватану таъмини суботу осоиштагии мардум аз онҳо вобастагӣ дорад, водор месозад, ки дар иҷрои ин рисолат беш аз ҳарвақта масъулиятнок бошанд.

Пас аз боздиди бинои қисми ҳарбӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми гузашти низомӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Источник: president.tj