Ифтитоҳи ҶСК “Азот” пас аз таъмиру навсозӣ дар шаҳри Левакант

0
57

25 апрел дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Левакант Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” ташриф оварда, калонтарин корхонаи кимиёвӣ дар мамлакатро пас аз таҷдиду азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи “Азот” дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи   Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини  талаботи хоҷагидорону кишоварзони мамлакат бо нуриҳои минералӣ,  баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, боз ҳам беҳтар таъмин намудани аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ навсозӣ карда шуда, бо навтарин технологияи ширкатҳои пешрафтаи давлатҳои ҷаҳон муҷаҳҳаз карда шудааст.

 Таъкид кардан ба маврид аст, ки дубора фаъол сохтани ин иқтидори бузурги саноатии мамлакат зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон қарор дошт ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир ҷиҳати таъмини бештари амнияти ғизоии мамлакат ва ба кор андохтани ин зарфияти азими истеҳсолӣ масъулонро вазифадор мекарданд.

Бо фаъол гардидани корхонаи мазкур зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандони мамлакат, хоса ҷавонони соҳибтахассус бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин гардиданд.

Масоҳати умумии иншооти бузурги саноатӣ  94,4 гектарро дар бар гирифта, он дорои биноҳои маъмурию муҳандисӣ, бахши мониторинги истеҳсолӣ, ки ба таври автоматӣ раванди истеҳсолотро назорат ва идора менамояд, коргоҳҳои аммиак, карбамид, буғу обтаъминкунӣ, асбобҳои ченкунӣ ва автоматика, таъмири дастгоҳҳои механикию барқӣ, хоҷагидорӣ, нақлиёт, анбор, озмоишгоҳи марказӣ, дастаи ҳарбии наҷотдиҳандаи газӣ, шуъбаҳои системаҳои автоматикунонӣ ва назорати механикӣ мебошад. Коргоҳҳои истеҳсолии корхона дар масоҳати 54,4 гектар ҷойгир шудааст.

Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” асосан истеҳсоли карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар марҳилаи аввал 90 ҳазор тонна нурии минералиро ташкил медиҳад. 

 

Зимни шиносоии Роҳбари давлат бо ҷараёни фаъолияти корхонаи муосири саноатӣ иттилоъ дода шуд, ки дар сурати пурра ба кор андохтани хатҳои технологӣ имкон аст, ки солона 123,6 ҳазор тонна аммиак ва 180 ҳазор тонна карбамид истеҳсол карда шавад.

Карбамид дар хоҷагии халқ, аммиак барои истеҳсолот, дуоксиди карбон дар саноати сабуки хӯрокворӣ ва эҳтиёҷоти технологии корхона, инчунин оксигени газӣ барои тиб, кафшери газӣ ва нитрогени моеъ бошад, дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ истифода бурда мешавад.

Тамоми маводи истеҳсолии корхона қабл ва баъд аз коркард дар озмоишгоҳи муосири муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарин мавриди санҷиш қарор мегирад. Дар озмоишгоҳ асосан занону духтарон ба кор ҷалб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” собиқ корхонаи нуриҳои азотии Вахш (ВАТЗ) мебошад, ки он соли 1967 таъсис ёфтааст ва бо сабаби фаъолият надоштани он барои солҳои зиёд хоҷагидорони  мамлакат нуриҳои минералиро  пурра аз кишваҳои хориҷ бо нархҳои гарон ворид мекунанд, ки ин раванд барои таъмини саривақтии соҳаи кишоварзӣ бо нуриҳои зарурӣ мушкил пеш оварда, ба рушди муназзами соҳа таъсир мегузорад.

Акнун, ифтитоҳи ин корхонаи азими азотӣ пас аз таҷдиду навсозӣ  бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва эълони “Солҳои рушди саноат”,  солҳои 2022 – 2026 дар мамлакат имкон медиҳад, ки воридоти нуриҳои минералӣ аз кишварҳои хориҷ коҳиш дода шавад ва ҳамзамон оянда содирот ба давлатҳои ҳамсоя роҳандозӣ гардад.

Корҳои таҷдиду навсозӣ дар ин иншоотро мутахассисону муҳандисони ҶДММ “Осиё Кемикал” дар муҳлати муайянгардида ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонда,  арзиши лоиҳавии он  беш аз 400 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа коргоҳҳои буғу обтаъминкунӣ, аммиак ва карбамид пурра бо низоми автоматикунонии  системаҳои идоракунии раванди технологӣ бо истифода аз технологияи насли  нави ширкати маъруфи ҷопонии Ёкогава электрик корпорейшн “YOKOGAVA Electric Corporation” навсозӣ гардида, дар таҷҳизоти системаҳои идоракунӣ  Сентум ВП “Centum VP” ва   Просаф РС “ProSafe RS”   истифода шудааст.

Асбобҳои назоратию ченкунӣ ва системаҳои муҳофизат аз ҳолатҳои садамавӣ низ дар коргоҳҳои истеҳсолӣ бо истифода аз таҷҳизоти ширкатҳои шинохтаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Сименс “Siemens”, Самсон “SAMSON”, Эмерсон “Emerson”, Метран “Metran” ва АББ “ABB” пурра иваз  гардидаанд.

Таҷдиду навсозӣ ва муҷаҳҳазсозии  корхонаи бузурги кимиёвӣ  дар шаҳри Левакант бо дастгоҳу технологияҳои насли нави кишварҳои рушдкардаи дунё, аз ҷумла Ҷопон, Франсия, Русия, Олмон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Сингапур, Малайзия, Италия, Ирландия, Эрон, Ҳиндустон, Беларус, Украина, Туркия, Полша, Қатар ва Чин дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, иқдоми муҳим дар роҳи боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ арзёбӣ мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути маркази идоракунӣ раванди истеҳсолот, захиракунии маҳсулоти тайёр дар анборҳо ва дигар иншооти ҳудуди корхонаро назорат намуда, ба масъулон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони ҷавони ба кор ҷалбгардида бо мақсади таҳкими раванди пешбурди корҳои истеҳсолӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Ҳамзамон Сарвари давлат аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот ва кори таҷҳизоту технологияҳои муосири васлу насбшуда таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва тарбияи мутахассисони ҷавону варзида барои идомаи кор ҷалб намуда, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакатро барои тақвияти тадбирҳои таъхирнопазир дар ин самт вазифадор карданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи навсозии корхонаи “Азот” ҳамчунин дар коргоҳҳои буғу обтаъминкунӣ, истеҳсоли аммиаку карбамид ва таъминоти барқӣ навтарин дастгоҳу технологияи ширкатҳои бонуфузи давлатҳои хориҷ васлу насб гардида, таъмини онҳо бо системаи идоракунии автоматӣ кори мутахассисону муҳандисонро бамаротиб осон мегардонад.

Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ аз 6 иншооти хунуккунии ҳудуди корхона 3 адади он аз рӯи лоиҳаи ширкати русии “Вентеко” навсозӣ гардидааст.

Қобили таъкид аст, ки талаботи солона ба нуриҳои минералӣ дар мамлакат наздики 550 ҳазор тоннаро дар бар мегирад ва ба иттилои масъулон дар солҳои 2020 – 2022 ба кишвар дар ҳаҷми 602 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид карда шудааст. Ин нишондод дар 3 моҳи соли равон зиёда аз 23 ҳазор тонна дар ҳаҷми 10,6 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сармоягузорони ватанӣ барои фаъолсозии дубораи ин корхонаи азими саноатӣ бо истифода аз муосиртарин хатҳои технологии кишварҳои тараққикардаи дунё, таъсиси ҷойҳои  нави  корӣ барои шаҳрвандони мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, ба масъулони вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ барои дастгирии ингуна иқдомҳои созанда бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар пешгузошташудаи давлату Ҳукумати мамлакат дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

Источник: president.tj