Ифтитоҳи Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Истаравшан

0
12

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Истаравшан ба истифода доданд.

Иншооти мазкур аз се ошёна, таҳхона ва 9 утоқи корӣ иборат буда, дар масоҳати умумии зиёда аз 900 метри мураббаъ бо тарҳи зебо сохта шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, қисми навбатдорӣ, 3 ҳуҷраи корӣ, китобхона бо 5 ҷойи нишаст ва 500 адабиёти гуногун, аз ҷумла китобҳои фаъолияти соҳавӣ ҷойгир карда шуда, 5 ҳуҷраи коргарону роҳбарият ва толори маҷлис бо 30 ҷой, дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир шудааст.

Бо мақсади дастгирии кормандон ва таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ, дар ошёнаи 3-юми бинои тозабунёд 4 хонаи 2 ҳуҷрадори муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ сохта шудааст, ки ин амал боиси руҳбаландии кормандон гардид.

Дар таҳхонаи иншоот толори машқу тамрин, ошхона барои 25 нафар, анбори нигоҳдории маҳсулот ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошад.

Бинои шуъбаи минтақавии мабориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо талаботи замон бунёд шуда, ҳамаи утоқҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи компютерӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Бинои навсохт ҳамзамон дорои маркази гармидиҳии тариқи ангишт ва қувваи барқ фаъолияткунанда мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба сифти корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандони милитсияро барои садоқатмандона хизмат кардан ба Ватан, саҳм гузоштан дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намуданд.

Источник: president.tj