Ифтитоҳи Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Ховалинг

0
68

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бинои Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносиро ба истифода доданд.

Иншооти нав дар асоси дастуру ҳидоят ва сиёсати муваффақи фарҳандӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст.

Осорхона шуъбаҳои асри санг, асри биринҷ, асрҳои миёна, шаҳри Мунки бостонӣ ва дигар давраҳои таърихиро дар бар гирифта, таҷассумгари таъриху тамаддуни қадимаи омӯзандаи миллати тоҷик мебошад.

Дар ошёнаи якуми бино гӯшаи асарҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Президенти мо”, бозёфтҳои ҷамъовардаи кормандони осорхона ва гурӯҳи кории бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардида, осори таърихию фарҳангӣ аз ҳаёти гузаштаи тамоми ҳудуди ноҳияи Ховалинг дар қабати дуюми иншоот ба намоиш гузошта шудааст. Ҳар як гӯшаи осорхона вобаста ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик дорои бозёфт ва ёдгориҳое мебошад, ки ҳар бинандаро бо гузаштаи пурифтихори ниёгони тоҷик ошно месозанд.

Дар Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Ховалинг зиёда аз 4 ҳазор нигораи бозгӯкунандаи тамоми давраҳои таърихӣ, аз ҷумла 2 ҳазор осори заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ, шишапораҳо, сафолоти гуногуни рӯзғордорӣ, зарфҳо, бозёфтҳои асбобҳои сангӣ ва дигар ёдгориҳо аз шаҳри Мунки бостонӣ ҷамъоварӣ гардидааст.

Ёдгориҳои осорхона марбут ба асри санг, асри биринҷ, асрҳои миёна, давраи пеш ва баъди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Ховалинг дар самти тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва шинохти шахсиятҳои таърихии халқамон мусоидат мекунад.

Зеро дар гӯшаҳои осорхона ёдгориву бозёфтҳо аз давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик, аз ҷумла Ҳахоманишиниён, Селевкиҳо, Кӯшониён, Сосониён ва Сомониён мавҷуд аст.

Тавре зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, имрӯзҳо беш аз 10 нафар унвонҷӯи дохилию хориҷӣ дар ин осорхона ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул мебошад.

Бинои осорхона бо истифода аз унсурҳои хоси миллию таърихӣ бо иқдоми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, тасвирҳои таърихии он аз соҳибтамаддун, соҳибкасб, соҳибтахассус ва ҳунарманд будани миллати тоҷик дарак медиҳанд. Иншоот дар масоҳати 144 метри мураббаъ бунёд гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 7 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд.

Источник: president.tj