Ифтитоҳи Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус”

0
116

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварда, нахуст Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коллеҷ дар маркази ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фузайл Қодиров бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд карда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 0,30 гектарро дар бар мегирад.

Бинои Коллеҷ аз се ошëна иборат буда, дорои 32 синфхонаи таълимӣ, китобхона, толор барои гузаронидани дарсҳои лексионӣ, маркази тестӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ëрирасон мебошад.

Муассисаи нави таълимӣ барои 400 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст ва таълим аз рӯи се ихтисос – фарматсефтӣ, кори момодоягӣ ва кори ҳамширагӣ ба роҳ монда мешавад. Дар Коллеҷ довталабон баъди хатми муассисаи таълимии миëнаи асосӣ ва миëнаи умумӣ қабул карда мешаванд.

Дар заминаи таъсис ëфтани Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус” 60 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.

Синфхонаҳои фаннии физика, химия, лингафонӣ ва технологияи иттилоотӣ бо таҷҳизоти замонавии таълимӣ таъмин мебошад. Дар синфхонаи компютерӣ, китобхона, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон ва синфхонаҳои таълимии фаннӣ 100 компютер барои истифодаи донишҷӯëн мавҷуд аст.

Китобхонаи муассиса беш аз 15 000 китоб, аз ҷумла 10 ҳазор китоби электронии дарсӣ, бадеӣ ва дастурамалҳои таълимӣ дорад. Маркази тестӣ барои супоридани санҷиш ва имтиҳонҳои ҷорӣ ҳам дорои компютерҳои махсус мебошад.

Синфхонаҳои фаннӣ ва таълими умумӣ бо тахтаҳои электронӣ таъминанд. Дар маҷмуъ дар Коллеҷ 18 тахтаи электронии тамғаи нав васлу насб карда шудааст, ки дар омӯзиши ҳарчӣ бештари касб ба донишҷӯён мусоидат намуда, кори омӯзгоронро низ осон мегардонад. Барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯëн марказҳои омӯзиши малакаи касбии кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ ва дигар фанҳои клиникӣ таъсис дода, бо таҷҳизоти таълими амалӣ муҷаҳаз намудаанд.

Омӯзгороне, ки дар муассисаи таълимии навбунëд ба кор ҷалб гардидаанд, таҷрибаи ғании корӣ дар соҳаи тиб доранд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар Коллеҷ 250 донишҷӯ ба донишандӯзӣ машғул аст ва дар оянда соҳибкор нақша дорад барои 100 нафар донишҷӯ аз ноҳияҳои дурдаст хобгоҳ бунëд намояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунëд гардидани Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоиро дар ноҳияи Шаҳритус муҳим шумориданд ва аз масъулон даъват ба амал оварданд, ки барои омода намудани мутахассиси миëнаи соҳаи тиб ҷавононро ҳачӣ бештар ҷалб намоянд, то ки дар деҳаҳои дурдаст ҳам сокинон ба кӯмаки аввалияи тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори маҳаллӣ барои бунëд намудани чунин муассисаи таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замон изҳорӣ миннатдорӣ намуда, омӯзгорону дигар масъулонро ба истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ҳидоят карданд. 

Источник: president.tj