Ифтитоҳи Коргоҳи коркарди меваи хушки ҶСК “Конибодом”

0
73

11 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” расман оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сафаралӣ Бобиев бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта шуда, аз утоқи озмоишгоҳ, буғхона, утоқи муҳандис, анборхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” солҳои зиёд аз кор монда буд. Он соли 2020 баъд аз таваққуфи 12-сола аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дубора фаъол гардонида шуд. Акнун ин ҷамъият фаъолияташро васеъ гардонида, ба коркарди меваи хушк низ машғул хоҳад шуд.

Коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қанд сохтмон” бунёд гардида, дар рафти сохтмон сокинони маҳаллӣ ҷалб шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ коркарди 4 тонна меваи хушк дар як шабонарӯз мебошад.

Маҳсулоти хом асосан аз ноҳияи Ашт, шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба коргоҳ ворид карда мешавад.   

Дар коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” 25 нафар, асосан занони хонанишин ва ҷавондухтарони соҳибмаълумот бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамин гуна шумораи кормандони ин ҷамъият ба 40 нафар баробар шуд.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, ҳам дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва ҳам ба хориҷи кишвар содирот мегардад.

Соҳибкори маҳаллӣ Сафаралӣ Бобиев нақша дорад, ки дар оянда дар шафати коргоҳи коркарди меваи хушк як сардхонаи дигар бо ғунҷоиши зиёда аз 300 тонна маҳсулот низ бунёд намояд ва теъдоди коргаронро афзоиш диҳад.

Баъд аз ифтитоҳи коргоҳи коркарди меваи хушк ва шиносоӣ бо фаъолияти он, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ намудҳои гуногуни афшураи помидор, зардолу, олу, помидор, хамираи помидор ва ғайра, ки дар коргоҳҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” истеҳсол мешаванд, ба маърази дид гузошта шуд.

Источник: president.tj