Ифтитоҳи Коргоҳи дӯзандагии КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон

0
17

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Коргоҳи дӯзандагии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро ба истифода доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин коргоҳи дӯзандагӣ 45 нафар занону бонувон ва духтарони бешуғл бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар навбати аввал музди маошашон 1800 сомониро ташкил медиҳад.

Коргоҳи дӯзандагӣ дар заминаи корхонаи фаръии “Зари Суғд”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳм гузоштан дар татбиқи саноатикунонии босуръати мамлакат ташкил гардидааст.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ истеҳсоли либоси мактабӣ, либосҳои махсус барои кормандони соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагиву истеҳсолӣ аз давлатҳои Туркия, Чин ва Узбекистон ворид карда шуда, дар умум маблағи сармоягузорӣ қариб 2 миллион сомонро ташкил медиҳад.

Коргоҳи дӯзандагӣ иқтидор дорад, ки дар як сол ба маблағи 10 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, талаботи сокинони шаҳри Бӯстонро бо либоси мактабӣ таъмин намуда, бо дигар минтақаҳои вилояти Суғд дар ин самт ҳамкориро ба роҳ монад.

Масъулини коргоҳ нақша доранд, ки дар асоси фармоиш либосҳои мактабиро бо тарҳи зебо ва бо сифати хуб омода намоянд.

Коргоҳи дӯзандагии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” аз ду минтақа иборат мебошад. Дар минтақаи аввал истеҳсоли либоси мактабиву корӣ, дар минтақаи дуюм бошад, либосҳои махсуси ивазкунандаи воридот, аз ҷумла либосҳои махсуси низомӣ, либосҳои муҳофизатии химиявӣ, хаймаҳои саҳроии ҳарбӣ, болопӯши нақлиёти низомӣ ва болопӯшҳои қароргоҳи низомӣ истеҳсол мегардад.

Ба коргоҳ таҷҳизоти муосири ороишгарӣ ва нусхагирии маҳсулот ворид карда шудааст, ки кори ороишгарону дизайнеронро осон мекунад.

Дар коргоҳи мазкур дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз бо барномаҳои махсуси автоматӣ ва фарогири 280 намуди ороиш барои омода намудани кӯрпаҳои гуногунҳаҷм мавҷуд буда, ин тасмим барои рақобатпазир будани маҳсулот мусоидат мекунад.

Масъулини корхона маҳсулоти истеҳсоли коргоҳи дӯзандагиро ба намоиш гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолӣ бештар таваҷҷуҳ равона карда шавад.

Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфиятҳои истеҳсолӣ дар корхона марҳила ба марҳила истифода гардида, бо ин васила ҷойҳои нави корӣ муҳайё ва ҳаҷми истеҳсолот зиёд мегардад.

Зимни муаррифии лоиҳаи ташкили хатҳои нави истеҳсолӣ дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ба Сарвари давлат маълумот дода шуд, ки дар солҳои оянда сехи истеҳсоли либоси варзишӣ бо 23 ҷойи нави корӣ, хатти истеҳсоли қуттиҳо барои тухм бо 18 ҷойи корӣ, сехи истеҳсоли чархҳои буранда бо 30 ҷойи корӣ ва нуқтаи хизматрасонии техникӣ бо 15 ҷойи корӣ ташкил мегардад. Дар сехҳои нав асосан маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда истеҳсол карда мешавад.

Источник: president.tj