Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев дар ноҳияи Восеъ

0
36

20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро ифтитоҳ карданд.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев дар масоҳати 1,20 гектар замин аз ҷониби сокинони ватанпарвари ноҳияи Восеъ бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст.

Баъди ба истифода додани ин маркази фарҳангӣ 10 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Дар ҳудуди иншоот барои дӯстдорони соҳаи варзиш майдончаи муосири варзишӣ сохта шудааст, ки дар он барои тамрини бозии футбол шароити зарурӣ фароҳам оварда гардидааст. Акнун кудакону наврасон имкон доранд дар ин ҷо мусобиқаҳои гуногун доир карда, ба обу тоби бадан машғул шаванд.

Дар боғи фарҳангию фароғатӣ 2 адад атраксион, ҷойи бозӣ барои кӯдакон дар масоҳати 4000 метри мураббаъ бо тамоми шароитҳои зарури бунёд гардида, иншоот ба макони асосии истироҳату фароғати сокинон ва кӯдакон табдил ёфтааст.

Дар шомгоҳон намуди боғи фарҳангию фароғатӣ хеле зебою дилрабо гардида, дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва чароғакҳои гуногунранг ба ҳудуди иншоот ҳусни дигар зам мекунанд.

5 адад фаввораи зебову замонавӣ, ки бо шаклу услуби хоса бунёд гардида, бо чароғҳои ранга оро дода шудааст, диққати сокинону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд.

Гирду атрофи боғи фарҳангӣ пурра панҷарабандӣ гардида, дарвозаи даромадгоҳи он низ бо санъати баланди меъморӣ оро дода шудааст.

Дар мавзеъҳои гуногуни боғи фарҳангӣ 400 адад дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва зиёда аз 110 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, масоҳати 14980 метри мураббаъ замин майсазор карда шудааст. Дарахтон ва гулу буттаҳо ба таври муосир обрасонӣ гардида, роҳравҳои боғи нав бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш гардидааст.

Дар як гӯшаи намоёни боғ нимпайкараҳои қаҳрамонҳои меҳнати сотсиалистӣ аз ноҳияи Восеъ бо минбари саҳнавӣ бунёд ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки танҳо аз ноҳияи Восеъ бо меҳнати пуршараф ва натиҷаҳои баланди меҳнатӣ 11 нафар бо унвони олии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ мушарраф гардидаанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғати сокинон дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз руйи нимпайкараи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, собиқ вакили Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ Миралӣ Маҳмадалиев парда бардошта, руҳи уро шод намуданд.

Дар шафати Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои хуштарҳи идораи ҷамоат ва қасри фарҳанг қомат афрохтааст, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра таҷдид гардид.

Мавриди зикр аст, ки собиқ роҳбари хоҷагии ба номи Ленин шодравон Миралӣ Маҳмадалиев бо кордонию инсондӯстӣ ва талошҳову ташаббусҳо дар замони собиқ шуравӣ деҳаи Охҷарро ба як маркази ободу пешрафтаи  ноҳияи Восеъ табдил дода буданд.

Ҳамон вақт дар ин деҳа роҳҳои тахту ҳамвор сохта шуда, сокинон бо оби нушокӣ таъмин буданд. Дар баробари дигар иншоот муассисаҳои фарҳангии деҳа ободу дар хизмати мардуми фарҳангдӯст буданд.

Баъди шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону дигар сокинони ватандӯсти ноҳияи Восеъ барои иқдоми шоиста-обод кардани як гӯшаи диёр баҳои баланд доданд.

Источник: president.tj