Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

0
269

20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ба истифода доданд.

Бинои нави таълимӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ бо тарҳу лоиҳаи муосир ва бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ бо сифати баланд бунёд гардида, аз таҳхона ва 5 ошёна  иборат аст.  

 Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нав барои 6 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 66 синфхонаи барҳавои лексионӣ, аз ҷумла озмоишгоҳҳои кафедраи фаъолияти гумрукӣ, иқтисоди рақамӣ, маркази бонки таълимӣ ва шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, 25 ҳуҷраи корӣ, 4 толори конфронсӣ, лексионӣ, шӯрои диссертатсионӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳамчунин дар бино ду лифти замонавӣ насб гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо имконоти фароҳамгардида дар Озмоишгоҳи таълимии кафедраи фаъолияти гумрукӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгоҳу таҷҳизоти замонавии омӯзишӣ, ки таҷрибаи нахустин дар муассисаҳои олии таълимии мамлакат мебошад, таваҷҷуҳ намуда, истифодаи пурсамари шароити мавҷударо аз омӯзгорону донишҷӯён талаб намуданд.

Дар ин синфхонаи муҷаҳҳази таълимӣ барои гузаронидани машғулиятҳои амалии донишҷӯён, аз ҷумла дастгоҳи навини муоинаи рентгенӣ, камераҳои мушоҳидавӣ, роҳравҳои сурху сабзи ишоратӣ дар хати сарҳад, металло – детектор, монитор ва дигар воситаҳои таълимии соҳавӣ  гузошта шудааст.

Донишҷӯён имкон доранд, ки дар  ин синфхона дар асоси татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалия бо фаъолияти гумрукӣ бештар ошно гардида, ҳамчун мутахассис оянда кору фаъолияти босамар намоянд.

Бо таъсиси озмоишгоҳи таълимию таҷрибавии иқтисодиёти рақамӣ дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар асоси талаботи муосир сифат ва самаранокии ин фанни таълимӣ ба маротиб баланд бардошта мешавад.

Чунки дар ин озмоишгоҳ таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионӣ, дастгоҳҳои сабти видео ва аудиолексияҳо насб карда шуда, аз нигоҳи технологӣ ва методӣ маркази мукаммалу замонавии таълимию таҷрибавӣ ба шумор меравад.

Таъсиси ин озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки минбаъд раванди рақамикунонии фанҳои таълимӣ, таҳияи наворҳои иттилоотию иртиботӣ, аудио ва видеолексияҳо тақвият бахшида шуда, ин усули самарабахш дар раванди таълим васеъ ҷорӣ карда шавад.

Дар баробари ин таъминоти барномавӣ ва таҷҳизоти озмоишгоҳ барои донишҷӯён ва магистрантон ҷиҳати ташкил ва амалӣ намудани тадқиқоти илмӣ, аз ҷумла таъсиси гурӯҳҳои илмӣ мусоидат менамояд.

Маркази бонки таълимӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини пешрафти низоми миллии бонкдорӣ ва бо ин роҳ рушди иқтисодиёти рақамӣ дар назди кафедраи фаъолияти бонкии донишгоҳ ташкил гардидааст.

Мақсад аз ташкили ин марказ баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва амалии донишҷӯён дар самти фаъолияти низоми молиявӣ дар муассисаҳои бонкӣ мебошад. Бо истифода аз имконоти фароҳамгардида минбаъд дар марказ кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ омода карда мешавад.

Дар бинои нави таълимӣ инчунин шуъбаи мониториг ва идораи сифати таълим ба фаъолият оғоз намуд.

Ин шуъба ҳамчун ҷузъи таркибии раёсати таълимии донишгоҳ ба шумор рафта, бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои умумидонишгоҳӣ оид ба такмил ва татбиқи барномаҳо ва чорабиниҳо барои назорат ва рушди сифати таълим таъсис дода шудааст.

Бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти насбшуда дар ин шуъба мутахассисон раванди сифати иҷрои барномаҳои таълимиро дар сохтори муассиса назорат карда, фаъолияти он тибқи талаботи барномаи идоракунии сифати таҳсилот барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Шуъбаи мониториг ва идораи сифати таълим дорои ҳуҷраи кории алоҳида буда, он бо  таҷҳизот ва маводҳои зарурӣ таъмин гардидааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дорои 5 бинои таълимӣ, 6 факултет, 19 кафедраи тахассусӣ ва 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, технологияҳои инноватсинонию коммуникатсионӣ, ҳуқуқи иқтисодӣ ва фаъолияти гумрукию оморӣ омода карда мешаванд.

Дар донишгоҳ 19 доктори илм, 140 номзади илм, 215 муаллими калону ассистент ва дар умум 373 омӯзгор ба 9 ҳазору 468 донишҷӯ дарс медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2022 -2023 дар асоси нақша, қабули довталабон ба донишгоҳ аз рӯи 6 ихтисоси нав, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ, бехатарии иқтисодӣ, идораи давлат ва ҳуқуқ, амнияти компютерӣ, кибернетикаи иқтисодӣ ва идораи давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар донишгоҳ 2300 адад таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионии навъи гуногун мавҷуд мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси озмоишгоҳҳои замонавӣ ва марказҳои инноватсионии аз худ кардани малакаҳои касбӣ барои донишҷӯён дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давалтии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки дар самти амалишавии нақшаву барномаҳои таълимӣ, хусусан татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020 – 2040 мусоидат мекунанд,  изҳори қаноатмандӣ карда, барои истифодаи васеи имконоти омӯзишӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Источник: president.tj