Ифтитоҳи бинои нави Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

0
2

23 октябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо бардоштани парда аз болои лавҳа бинои нави Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои хуштарҳу замонавии марказ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пудратчӣ ҶДММ “Ҷовидон-2010”-и шаҳри Кӯлоб бунёд ва бо таҷҳизоти корӣ ҷиҳозонида шудааст.

Дар ин бино маҷмуан 24 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон мавҷуд буда, барои маъмурият ва кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои нави Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо шабакаи гармидиҳии мутамаркази дохилӣ васл карда шуда, ҳамчунин системаи коррезиаш низ дохилӣ аст.

Дар ошёнаи якуми бинои мазкур озмоишгоҳҳои бактреологӣ ва химиявӣ мавҷуданд, ки бо истифода аз дастгоҳҳои ИФА, заррабин, дастгоҳи мушаххаскунандаи миқдори нитрат дар маҳсулоти полезӣ, дастгоҳи махсус ва ҷевони тамизгардонӣ ба воситаи ҳавои хушк фаъолнокии маводҳои безараргардонӣ, муайян намудани равшании дохили биноҳо, муайян намудани миқдори нитрат дар полезиҳо, муайян намудани барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ, аз қабили домана, исҳоли хунин, бемориҳои шадиди меъдаю рӯда, таркиби шири модар, буғумдард ва ғайра мушаххас карда мешавад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур барои сокинони ноҳия имкон фароҳам гардид, ки минбаъд барои мушаххассозии бемориҳо ба маркази вилоят нарафта, дар ҳамин ҷо аз ташхиси бемориҳои сироятӣ гузашта, маслиҳати табибонро барои табобати саривақтии беморӣ дарёфт намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити марказ аз пешниҳоди сатҳи баланди хизматрасонӣ, ки тавассути дастгоҳу таҷҳизоти муосир амалӣ карда мешаванд, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кору хизматрасонӣ ба масъулин ҳидоятҳо доданд.

Источник: president.tj