Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ

0
31

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот бо дарназардошти талаботи замони муосир дар масоҳати умумии 7 садяк замин бунёд шудааст. Масоҳати худи бино бо назардошти иншооти ёрирасон 125 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2021 оғоз гардида, он аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб-соҳибкорони маҳалливу шахсони саховатпеша бунёд ёфтааст. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёсин-сохтмон” буда, дар рафти корҳои созандагӣ сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Иншоот аз се ошёна иборат буда, қабати якум аз китобхона бо 1500 нусха адабиёти классику муосир, шуъбаи таблиғот ва иттилоот, утоқи қабули шаҳрвандон иборат буда, ошёнаи дуюм ва сеюмро утоқҳои корӣ, маъмурият, маҷлисгоҳ бо дарназардошти 100 ҷойи нишаст ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳову барномаҳои оинномавии ҳизб муваззаф намуданд.

Источник: president.tj