Ифтитоҳи бинои асосии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд

0
53

12 август Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии табобатии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷандро баъди таъмиру азнавсозии куллӣ ва бинои маъмурияти беморхона, Стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббиро ифтитоҳ бахшиданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии табобатии беморхона баъди 50 соли истифодабарӣ бори нахуст пурра таъмир шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ мучаҳҳаз ва ба меъёру талаботи соҳаи тандурустӣ мутобиқ гардидааст.

Ин иқдом дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд амалӣ шуда, дар давоми як сол ба анҷом расидааст.

Бинои асосии Беморхонаи клиникавии №1-и шаҳри Хуҷанд аз 4 ошёна иборат буда, масоҳати беш аз 5600 метри мураббаъро дар бар мегирад ва 8 шуъбаи беморхона, аз ҷумла шуъбаи қабул, шуъбаҳои наҷот ва беҳискунӣ, ҷарроҳии калонсолон, иборат аст. Дар бино 72 ҳуҷраи бистаринамоии беморон барои 227 кати беморӣ мавҷуд мебошад.

Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи қабул бо таъсиси 20 хуҷраи ташхису муоинаи беморон таъсис ёфта, бо таъмини беш аз 20 намуди дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои ташхис, муоина ва таҳлилҳои озмоишгоҳӣ шароитҳои муосир фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, дастгоҳи томографи компютерӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти даруннигарӣ, ташхиси ултрасадогӣ, сабти барқии дил ва амсоли ин имкон медиҳад, ки ташхис ва муоинаҳо дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шаванд.

Ҳамчунин, дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои табиби амрози дарунӣ, дилшинос, амрози занона ва ҳуҷраи хатна таъсис дода шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ таъкид намуданд ки табибон бо истифода аз ин шароитҳо қабули беморон ва хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ба масъалаи муомила бо беморон ва пайвандони онҳо диққати аввалиндараҷа ди­­­­ҳанд.

Дар беморхона усулҳои муосири ташхис, табобат, ҷарроҳиҳо бо истифода аз таҷрибаҳои тибби ҷаҳонӣ ҷорӣ карда мешаванд. Бо ин мақсад дар шуъбаи наҷот ва беҳискунӣ бори нахуст маркази машваратии тиббии онлайнӣ – фосилавӣ таъсис ёфтааст. Ин марказ бо мақсади ташкили робитаи онлайнӣ бо клиникаҳои пойтахти мамлакат ва муассисаҳои тиббии пешрафтаи як қатор давлатҳои хоричӣ оид ба баррасии ташхисҳо, ҳолати бемор, рафти табобат ва дигар масъалаҳои марбут ба табобату ташхис тариқи кансилиум таъсис дода шудааст.

Дар ҳамин Марказ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият, сардорони раёсат ва сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва маҷмааи тандурустии “Истиқлол” тариқи видеоконференсия суҳбат карданд.

Дар доираи нақшаҳои сохтмону азнавсозӣ дар ҳудуди беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ таъсис ёфта, дар ҳудуди муасиса бинои дуошёнаи лоиҳавии нав сохта шудааст. Дар ошёнаи якуми ин бино маркази танзимгарӣ, ҳуҷраҳои корию истироҳатии табибону кормандон ва ронандагон бо ҳамаи шароитҳо ташкил гардидааст. Ҳамчунин дар шафати бино мошинсарои стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ сохта шудааст.

Барои ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани хизмати ёрии таъҷилии тиббӣ дар стансия Маркази танзимгарии пайваст ба системаи идоракунии рақамии қабулу сабт ва ташкили ёрии таъҷилӣ ва маркази тамоси электронӣ таъсис дода шудааст. Ин усули пешрафта имкон медиҳад, ки муроҷиат ва дархост ба ёрии таъҷилӣ мутобиқи меъёрҳои қабулшуда сабту танзим ва фиристонидани мошини ёрии таъҷилӣ ба роҳ монда шавад.

Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 яке аз муассисаҳои тибии асосӣ дар вилояти Суғд буда, дар баробари сокинони шаҳри Хуҷанд ба сокинони шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят хизмати тиббӣ мерасонад. Мувофиқ ба талабот ва зарурат дар ҳудуди муассиса ошхона, чойхонаи миллӣ ва меҳмонхона барои аёдаткунандагон, хешовандон ва пайвандони беморон бунёд шудааст ва онҳо метавонанд аз ин хизматрасониҳо истифода баранд.

Бо азнавсозӣ ва муҷаҳҳазагардонии бинои асосии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 шароити муосир ва мутобиқ ба стандартҳои ташхису табобабат фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаҳои дуюм, сеюм ва чоруми беморхона шуъбаҳо бо катҳои муолиҷавӣ, нуқтаҳои санитарӣ-гигиенӣ, ошхона, лифт ва дигар хизматрасониҳои зарурӣ барои фаъолияти табибон ва истифодаи беморон муҳайё карда шудааст.

Дар беморхона табибони соҳибтаҷриба ва мутахассисони ҷавон фаъолият доранд, ки дар ташхис, табобат ва ҷарроҳиҳо эътироф гардидаанд. Шароитҳои замонавии фароҳамовардашуда, дастгоҳу таҷҳизоти замони муосир барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои наву муосир ташхису табобат ва ҷарроҳиҳо имконияти васеъ мебошанд.

 

Источник: president.tj