Ибодзода ба раисҷумҳури Муғулистон эътимоднома супорид

0
146

Ибодзода ба раисҷумҳури Муғулистон эътимоднома супорид

Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Муғулистон Хайрулло Ибодзода ба раисҷумҳури ин кишвар нусхаи эътимоднома супорид

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik.  Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дирӯз раисҷумҳури Муғулистон Халтмаагийн Баттулга аз дасти сафири Тоҷикистон Хайрулло ибодзода  эътимоднома қабул кард.

Пас аз супоридани эътимоднома ба кишвардори Муғулистон, сафири тоҷик паёми раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмонро ба Халмаагийн Баттулга расонид.

Манбаъ меафзояд, Баттулга эҳтироми худро ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда, таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷабҳаи ду давлатро муҳим арзёбӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки Ибодзода Хайрулло дар баробари сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон будан, ҳамзамон бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз моҳи июни соли равон ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Муғулистон низ таъин гарлил.

Источник: sputnik-tj.com