ИҶРОИ НИШОНДОДҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – ҚАДАМИ ҶИДДӢ ДАР РОҲИ БА КИШВАРИ МУТАРАҚҚӢ ТАБДИЛ ЁФТАНИ ТОҶИКИСТОН. Чунин иброз дошт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» муовини Раиси шаҳри Турсунзода Солеҳа Холмаҳмадзода

0
180

ИҶРОИ НИШОНДОДҲОИ ПАЁМИ  ПРЕЗИДЕНТ – ҚАДАМИ ҶИДДӢ ДАР РОҲИ БА КИШВАРИ МУТАРАҚҚӢ ТАБДИЛ ЁФТАНИ ТОҶИКИСТОН.  Чунин иброз дошт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» муовини Раиси шаҳри Турсунзода Солеҳа Холмаҳмадзода

ДУШАНБЕ 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисоди мамлакат санади муҳим буда, татбиқи амалии саривақтии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҳар як сокини кишвар меҳнати софдилонаву содиқонаро тақозо менамояд», — изҳор намуд дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» муовини Раиси шаҳри Турсунзода Солеҳа Холмаҳмадзода.

Номбурда ҳамчунин гуфт:

— Паёми навбатии Сарвари давлат  миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ ҳамовозии васеъ пайдо карда, тамоми паҳлуҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, дастоварду муваффақиятҳои сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ниҳодҳои иҷтимоиро барои давраҳои оянда муайян намуд. Зикр гардид, ки соли сипаришуда дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд, ки аз далериву шуҷоат ва худшиносиву ифтихори миллии ватандорон гувоҳӣ медиҳад.

Пешвои миллат дар баробари ин, дар самти сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии давлат мушкилоти ҷойдоштаро бозгӯй ва роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди таҳлил қарор доданд. Аз ҷумла, масъалаҳои давра ба давра афзудани буҷети  давлатӣ, рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, бунёди иншооти гуногуни муосир, роҳу нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, рушди соҳаи маориф бо бунёди муассисаҳои замонавии таълимӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, корхонаҳои нави саноатӣ, татбиқи сиёсати технологияҳои инноватсионӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва туризм, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, донишандӯзӣ, инсонпарварӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, коррупсия ва ришвахорӣ таҳлилу баррасӣ шуда, ба масъулон вазифаҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гашт, ки: «Ҳукуматро, ҳамчунин, зарур аст, ки дар 7 соли оянда суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7-8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1,8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро бо сифат амалӣ намояд.

Ҳоло мо дар давраи анҷомёбии марҳалаи аввали «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва оғози марҳилаи дуюми он қарор дорем. Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки то охири соли 2020 барномаи миёнамуҳлати рушдро барои солҳои 2021-2025 қабул намояд».

Ҳамчунин яке аз масъалаҳои калидии барномаи сиёсӣ ва стратегияи давлатӣ, ки  Пешвои муаззами миллат ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ намуданд, ин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум, махсусан рушди деҳот ва ободу зебо намудани кӯчаю маҳаллаҳои аҳолинишин мебошад. Зимни натиҷагирӣ ва пайгирӣ аз фаъолияти солонаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба таври фарогир таъкид гардид, ки саҳмгузории фарзандони бонангу номуси кишвар дар рушди бахшҳои мухталифи ҳаёти халқ хеле чашмрас аст ва ба ин нукта таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз доштанд: «Аллакай, дар зарфи соли якуми эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст. Бо вуҷуди ин, мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем».

Иҷрои нишондодҳои Паём ҷиҳати ба як кишвари мутараққӣ ва рақобатпазир табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами ҷиддӣ хоҳад буд.  Сарвари давлат ҳадафи стратегии мамлакатро дар Паёми имсола мисли солҳои қаблӣ дар таъмин намудани шароити хуб ва ҳаёти арзанда барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Барои ба вуҷуд овардани шароити шоистаи зиндагӣ баҳри шаҳрвандони ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, боло бурдани масъулияти ҳамаи қишрҳои ҷомеа басо зарур аст ва ин нуктаро Сарвари давлат ҳамеша дар ҳар як баромаду суханрониҳои худ таъкид мекунанд: «Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд. Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем».

Дар ин раванд фаъолияти мақомоти   давлатӣ ва сохторҳои ҳукуматиро ҷиҳати бо муваффақият татбиқ намудани эълони солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муҳим арзёбӣ карданд. Дар ин замина, зикр гардид, ки рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватанию хориҷӣ, инчунин бо ин васила бо ҷойи кор таъмин намудану соҳиби касбу ҳунар   гардонидани  мардум  аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарони мақомоти давлатӣ ба шумор меравад.

Дар асоси сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар раванди корҳои ободонӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми фарзандони бонангу номуси кишвар, аз ҷумла соҳибкорон ва афроди саховатпеша бениҳоят калон аст. Сарвари давлат ба ин нукта таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз доштанд: «Бояд гуфт, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд. Чунин корҳо, ки гувоҳи фаъолнокии баланди мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд, ҳоло бомаром идома доранд».

Чунин афроди некӯкор сарҷамъона кӯшиш доранд, ки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат, ҷонфидоиҳои Сарвари давлатро эътироф намуда, дар роҳи  ободониву гулгулшукуфии Ватан пайрави арзандаи Пешвои миллат бошанд. Чунки маҳз роҳандозии сиёсати оқилона, иқдоми пешгирифтаи ин марди абарқудрат ва фароҳамсозии шароити мусоиди кору сармоягузорӣ дар кишвар аст, ки онҳо низ дар фазои сулҳу ваҳдат ба сар бурда, тиҷорату фаъолияташон рушду равнақ ёфтааст.

Дар навбати худ ин заҳмату талош ва хизматҳои арзандаи соҳибкорон ва сокинони некӯкори диёр аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мавриди аҳсану қадрдонӣ қарор мегирад. Тавре ин нукта бо изҳори сипос ба мардуми кишвар зикр гашт: «Бо истифода аз фурсат, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд барои корҳои ободонии то имрӯз амаликардаашон бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям».

Сулҳу субот, гулгулшукуфии кишвар, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва сиёсати оқилонаи дохилию хориҷии мамлакат аз рӯзҳои нахустини давлатдории Пешвои миллат ҳадафи меҳварӣ маҳсуб меёфт. Ин нукта боз таъкид гашт, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю талошро баҳри ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ расондани ҷумҳурӣ анҷом медиҳад ва дар ин кор саҳми мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр бузург хоҳад буд. Мардуми ватандӯст, соҳибкорону афроди саховатпешаи кишвар аз даъвати ватандӯстонаи Сарвари давлат ҷиҳати боз ҳам ободу зебогардондани кишварамон ҷонибдорӣ мекунанд ва самимона ба фаъолияти созандаи Пешвои муаззам ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат итминон доранд. Зеро хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат танҳо бо мақсади сулҳу осоиштагии мардум ва таъмини якпорчагӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар ва заминаи мусоид фароҳам овардан ба рушди кули бахшҳои ҳаётан муҳим равона гардидааст.

Пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллатро  сокинони мамлакат пешаи худ қарор дода, аз он ифтихор мекунанд ва кӯшиш доранд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва бо дили гарму саршор аз меҳру ихлоси бепоён заррае ҳам бошад, ҳиссаи худро дар пешрафти Ватани худ гузоранд.

  Солеҳа ХОЛМАҲМАДЗОДА,
муовини Раиси шаҳри Турсунзода

Источник: khovar.tj