Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир мегардад

0
182

Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир мегардад

ДУШАНБЕ, 07.12.19. /АМИТ «Ховар»/. 9 декабри соли равон иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир мегардад. Дар ин бора Қарори дахлдори  Раиси шаҳри Душанбе Рустами  Эмомалӣ аз 7 декабр ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот  ва  робитаҳои  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иҷлосияи мазкур  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.

Вакилони шаҳрӣ масъалаҳои вобаста ба муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо баррасӣ менамоянд.

Рустами  Эмомалӣ бо қарори худ Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба маълумоти сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созанд.

Источник: khovar.tj