ХУШХАБАР! Аввалин дору барои коронавирус пайдо шуд. Санҷиши он дар ИМА муваффақона анҷом пазируфт

0
48

ХУШХАБАР! Аввалин дору барои коронавирус  пайдо шуд. Санҷиши  он дар ИМА муваффақона анҷом пазируфт

ДУШАНБЕ, 01.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Озмоишҳои  доруи  «Ремдесивир» нишон доданд, ки  он  метавонад  садди роҳи вируси  Covid-19  бишавад. Коршиноси пешбари бемориҳои сироятӣ, доктор  Энтони Фаучӣ изҳор намудааст, ки дору алайҳи коронавирус — «Ремдесивир» баъди озмоиш натиҷаҳои  хеле хубро нишон дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба CNBC

Озмоишҳои  васеи доруи  зиддивирусии «Ремдесивир» собит намудаанд, ки он дар муқовимат бо сирояти  коронавируси  Covid-19 самарабхш  хоҳад буд, хабар медиҳад  Би-Би-Си. Натиҷаҳои пешакӣ  ба дастомада далели мӯътамади ин гуфтаҳоянд. Донишкадаи миллии аллергия ва бемориҳои сироятии  ИМА дар ин бора изҳороти вижаеро нашр кард, ки самаранокии доруи номбурдаро тасдиқ менамояд.

Дар санҷише, ки бештар аз ду моҳ давом кард,  зиёда аз 1000  гирифторони коронавируси  Covid-19 аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Осиё ва Аврупо ширкат намуданд.

Агар  натиҷаҳои  ниҳоӣ ва қаблии тадқиқот дар самаранокӣ тафовути сахт надошта бошанд, пас  метавон гуфт, ки  «Ремдесивир» давоест, ки озмоиши клиникиро  бар зидди  Covid-19  мауваффақона паси сар намудааст.

«Ремдесивир» ба гурӯҳи доруҳои зиддивирусӣ шомил мешавад.

Ин дору соли 2015 барои маҳв сохтани бемории Эбола бароварда шуда, бо қобилияти фишороварии хеш садди роҳи  афзоиши вирус  мегардад.

                                                                       АКС аз бойгонӣ

Источник: khovar.tj