«Хушбин бояд буд, он гоҳ вирус ба шумо зарар намерасонад». Андешаҳои равоншиноси тоҷик Марям Давлатова оид ба коронавирус

0
129

«Хушбин бояд буд, он гоҳ вирус ба шумо зарар намерасонад». Андешаҳои равоншиноси тоҷик Марям Давлатова оид ба коронавирус

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ин вирус ба мо чиро  нишон додан мехоҳад? Иштирокчии ҳамешагии барномаи «Рӯҳафзо» дар радиои  «FM Ховар» равоншиноси маъруфи тоҷик Марям Давлатова, чунин мешуморад, ки барои эмин будан аз ин беморӣ мо бояд ҳамеша хушбин бошем.

«Агар шумо бештар эҳсоси хушӣ дошта бошед ва худро  дар зиндагӣ қаноатманду болидарӯҳ  нигоҳ бидоред,  он гоҳ ҳормонҳои  шодмонӣ ва ҳузуру ҳаловат тавлид мешаванд. Чунин ҳормонҳо дар навбати худ масунияти одамро  қавӣ месозанд, ки ин дар вазъияти коронавирус ва ҳар бемории дигар  нақши муҳим дорад»,- мегӯяд равоншинос.

«Пешгирии ин беморӣ хеле оддӣ ва сода аст: дастонро  мунтазам бо собун бишӯед,  ниқоб пӯшед,  масофаи иҷтимоиро нигоҳ доред,  ба қадри имкон дар хона бимонед ва аз одамони сироятшуда дурӣ биҷӯед»,-мегӯяд Марям Давлатова.

Равоншиноси шинохта  ин гуна ибрози назар менамояд: «Ман медонам, ки барои мо, тоҷикон шустани дастон кори мушкиле нест, бе ин ҳам дар як рӯз панҷ маротиба даст мешӯем.  Фақат ин амалро акнун ҷиддан ва бо собун  анҷом бояд дод. Ин беморӣ  ҳанӯз охири дунё  нест ва  ягон аҷобати ногаҳониро  ҳам  набояд интизор шуд. Агар мо ақли солимро ба кор барем,  пас, тамоми вазъиятро  зери назорати худ қарор хоҳем дод».

«Мо ҳамагӣ  савори як заврақем, ки худи мо онро алвонҷ медиҳем. Бояд дар хотир дошт,  ки ҳамаи мо мирандем ва рӯзе  аз коронавирус ё чизи дигаре марги мо фаро мерасад. Аз ин рӯ, бояд  зиндагии пурарзиш дошта бошем, ин беморӣ воқеияти ҳаёти моро  куллан тағйир намедиҳад, танҳо риояи қоидаҳои оддиро аз мо талаб мекунад»,- афзуд  ӯ.

Равоншинос ба онҳое, ки барномаҳоро дар мавзӯи коронавирус  таҳлил ва ҳазм  карда наметавонанд, тавсия медиҳад, ки аз   тамошои  чунин наворҳо  худдорӣ намоянд.

«Филмҳо ва барномаҳоеро тамошо кунед, ки  ба ин мавзуъ  дахл надошта бошанд, китоб хонед. Коронавирус дер ё зуд, хотима меёбад ва зиндагӣ ба маҷрои пешин бармегардад. Пас, ба худ зиён нарасонед».

Назари Марям Давлатова чунин  аст, ки ҳарчанд барои хоҳишҳои мо ин давраи мураккаб аст, вале онҳо метавонанд амалӣ бишаванд. Бархе ғайриихтиёр  мегуфтанд :«Хоҳиши ба кор рафтан надорам», модарони интизор  кунун аз зангҳои телефонии фарзандон баҳраманд мешаванд, ҳамчунин барои  фарзандоне, ки волидайнро  пазмон гаштаанд,  имкони  муносиби дидор фаро расидааст. «Пас, аз ин фурсати муносиб бояд истифода бурд, бо аҳли оилаи худ  бошед, корҳои хонаро  анҷом диҳед, хуллас вақти хешро бо шодмонӣ ва манфиат  сарф намоед».

Ба қавли ӯ, имрӯз  моро зарур аст, ки суду зиёни хешро дарк намуда  тавонем. Асабоният ва ҳарос дар ҳолати кунунӣ  ба ҷуз осеби равонӣ  ва ҷисмонӣ  чизи дигаре ба бор намеорад.

Барномаи «Рӯҳафзо» бо равоншинос Марям Давлатова  бо забони тоҷикӣ ҳар ҳафта пахш мегардад: рӯзи сешанбе дар соати 14:30  ва   20:30, рӯзи чоршанбе — 03:30, рӯзи ҷумъа — 09:30, 14:30  ва  20:30,  рӯзи шанбе — 03:30, рӯзи якшанбе-  13:30   ва  20:30.

Источник: khovar.tj