ХУДШИНОСӢ ЗАМИНАИ ҲАМАИ МУВАФФАҚИЯТҲОСТ. Андешаҳои муовини Раиси Суди конститутсионӣ Карим Каримзода перомуни Паёми Пешвои миллат

0
261

ХУДШИНОСӢ ЗАМИНАИ ҲАМАИ МУВАФФАҚИЯТҲОСТ.    Андешаҳои муовини Раиси Суди конститутсионӣ Карим Каримзода перомуни  Паёми Пешвои миллат

ДУШАНБЕ, 19.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф, агар аз аҳамияти хосса касб намудани Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шаҳодат диҳад, аз ҷониби дигар он  ифодакунандаи нуқтаи назари роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду таҳкими самтҳои стратегии рушди давлат ва соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар ояндаи наздик арзёбӣ мегардад.

Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар соли ҳисоботӣ бо зикри ба вуқӯъ пайвастани ин ё он ҳодисаи барои таърихи давлат, миллат ва иқтисодиёти мо  муҳим ва хотирмон  оғоз гардида, заминаи боэътимоди чунин ҳодисаҳо барои расидан ба дастоварду муваффақиятҳои нави сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар солҳои баъдӣ ҳисобида мешавад.

Агар хотирмонии  Паёми соли 2018 дар баргузори се рӯйдоди бузург: оғоз гардидани татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон  дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор андохтани агрегати якуми НБО “Роғун” ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифодаи худро ёбад, соли 2019 низ дар ҷумҳурии мо як зумра чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ баргузор гардиданд, ки аҳамияти онҳо барои эътибори байналмилалии Тоҷикистон кам нест.

Чунончи, 17 майи соли 2019  дар Тоҷикистон бо иштироки беш аз 500 ҳайат аз 50 давлати дунё,   28 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ,  вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон баргузор гардидани Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”, 29 май анҷоми Сафари расмии Президенти Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон; 14-15 июни соли 2019 бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирони корҳои хориҷӣ аз 27 давлати аъзо, 8 давлат ва 5 созмони байналмилалии назоратчӣ бо иштироки 450 нафар рӯзноманигорон баргузор гардидани Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳриДушанбе; 14-16 июн сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ва имзои 18 санади муҳими ҳамкорӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ бо иштироки роҳбарияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати эътирофи байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Дар соли 2019 раёсати як зумра созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои онҳо, аз ҷумла Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми ҳамкории амниятии САҲА-ро ба уҳда доштани Тоҷикистон, ҳамчунин соли 2020 оғоз гаштани раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, СҲШ, СААД ва Раванди Истанбул оид ба Афғонистон аз мавқеи созандаи роҳбарияти Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дарак медиҳад.

Аз ҷумла, эътибор пайдо кардани чорабиниҳои байналмилалии ҷониби Тоҷикистон доир ба захираҳои об таҳти унвони “Раванди Душанбе дар соҳаи об” ва дар соли равон ҷиҳати татбиқи ташаббуси чоруми  Тоҷикистон –Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, дар Душанбе баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд далолат ба он мекунад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисмати ҷудонашвандаи ҷомеаи ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои печидаи глобалии вобаста ба об эътиборӣ ҷиддӣ медиҳад ва мавқеи устувор дорад.

Пешвои миллат  рост омадани истеҳсоли 98 фоизи неруи барқ ба соҳаи гидроэнергетика, ба қатори се давлати аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил шудани Тоҷикистон баъди пурра ба кор даромадани НБО “Роғун”, ҷойи 135 — умро дар ҷаҳон ишғол кардани Тоҷикистон аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаиро «саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ва дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра» арзёбӣ намуд.

Муваффақияту дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон осон ба даст наомадаанд. Мо ба ин дастовардҳо  таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами худ ва заҳматҳои шабонарӯзии фарзандони ба нангу номуси ин миллат ноил гардида,  бори дигар ба ҷаҳониён миллати тамаддунофар ва ташабускор будани халқи тоҷикро баръало муаррифӣ намудем.

Вобаста ба ин, дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ нақши калидӣ дошта, ҷавҳари паёмҳои Пешвои миллатро ташкил медиҳанд.

Зеро бе сатҳи баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ бунёди давлати мустақили миллӣ, ободу зебо ва аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта ғайриимкон аст. Қувваи пешбаранда ва омили асосии рушду таҳкими давлат маҳз ҳамин сифатҳои муҳими инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар як фарди банангу номуси Ватани мо мебошад.

Худшиносии миллӣ яке аз хислатҳои асосии ҳар миллат аст ва инкишофи он имкон медиҳад, ки миллат ҳамчун гурӯҳи устувори таърихан бавуҷудомадаи одамон, ки дар заминаи забони умумӣ, ҳудуди зист, ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва хислати ба худ хос ташаккул меёбад, фарқ карда таркиб ёбад. Ин раванди худшиносӣ ва рушди хислати фарҳангӣ ва ба худ хоси миллат, инчунин хислати инсонӣ низ мебошад ва ба ӯ имконият медиҳад, ки ба кадом миллат мансуб буданашро муайян намояд.

Худогоҳии миллӣ худро ҳамчун миллат дарк кардани инсон аст. Ба таври дигар гӯем, он аз тарафи инсон дарк кардани амалҳои худ, ҳиссиёт, андеша, мақсади рафтор, манфиат ва мавқеи худ дар ҷомеаро ифода мекунад. Рушди худогоҳӣ шарти муҳими ташаккули шахсият мебошад.

Агар ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ифтихормандӣ аз мансубият ба нажоди созандаю бунёдкор ва соҳибтамаддун, инчунин масъулияти инсонию шаҳрвандии фарзандони баруманди халқи мо нисбат ба ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои гузаштагонашон намебуд, минбаъд ба давлатдорию девонсолорӣ, фарҳанги ҷаҳоншумул ва истиқлолияти миллӣ намерасидем.

Ҳанӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ дар маҷлиси  ботантана бахшида ба  20-умин  солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2012 таъкид карда буданд: «Дар ҳоле ки пояҳои худшиносии миллии мо осеби ҷиддӣ дида, миллати мо аз асолати худ то ҳадде дур гардида буд, марҳалаи эҳёи ҳофизаи таърихии миллат ва худшиносии миллӣ як зарурати муҳими ҳам милливу таърихӣ ва ҳам давлативу сиёсӣ дониста мешавад. Ҳамаи ин иқдомҳо ба хотири бар пояи арзишҳои миллӣ ва рӯҳияи ватандорӣ тарбия кардани насли наврас равона шудаанд, то ки миллати мо ба худогоҳиву худшиносии миллӣ ноил шуда, ба асли хеш пайвандад.

Набояд фаромӯш кард, ки агар мо гузаштаро дақиқ наомӯхта, равандҳои имрӯзаро воқеъбинона баҳогузорӣ накунем, пас роҳи дурусти инкишофи фардои хешро муайян карда наметавонем».

Бо  ин назардошт, Пешвои миллат дар суханрониашон 6 самти асосии марҳилаи  рушди давлатдориамонро муайян карда, дар баробари 3 самти дигари бо ҳам алоқаманд, боз се самти дигарро махсус таъкид намуданд:

-ҳамаҷониба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ;

-ба таври огоҳона муттаҳид намудани мардуми мамлакат дар атрофи ғояи «Тоҷикистони соҳибихтиёр — Ватани ягонаи мо»;

— ҳифзи ҳуввияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ.

Баъдан, масъалаи баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ва  ҳифзи ҳуввияти миллӣ пайваста дар суханрониҳо ва паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ зикр карда шуда, онҳо шарти муҳимтарини дастоварди рушди давлатдории миллӣ ҳисобида мешуданд.

Бинобар ин, Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ бори дигар ба худшиносиву худогоҳӣ дахл намуда, зикр карданд, ки «таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои ит-тилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем».

Дар ин замина, андешаҳо ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар хусуси  мисли модар ва Ватани худ дӯст доштан ва ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастӣ ҳифз кардани забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ойина будани забон ва дар он инъикос шудани симои пурҷилои миллат, ба қадри забон ҳамчун нишонаи ҳастии миллатамон расидан, омӯзиш ва аз худ кардани забони тоҷикӣ, аз ҷумла забонҳои байналмилалӣ; ба таври васеъ рӯ овардан ба китобхонӣ ва ба ин васила баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ, нигароникунанда арзёбӣ шудани дуршавӣ аз китобхонӣ, назорати ҷиддии омӯзгорону волидайн  аз болои китобхонӣ ва аз ёд кардани порчаҳои назму насри толибилмон, ба роҳ мондани тадбирҳои ҷиддӣ ва судманд ҷиҳати  тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар, андешидани тадбирҳои зарурӣ барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар сол баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” бо ҷалби васеи  ҷомеа, табдил додани китобхонаҳо ба маркази муҳими илму фарҳанг,  вазифагузориҳое мебошанд, ки бе амалӣ намудани онҳо баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ имконнопазир мебошад.

Пешвои миллат ба нақш ва мавқеи шоҳасари алома Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» эҳтироми хосса зоҳир намуда, зикр карданд: «Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳи-фаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем».

Аз ин рӯ, нашри ин шоҳасар ва  ба ҳар оила тақдим намудани он– нишонаи эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва бузургони миллат аз ҷониби Пешвои миллат буда, беҳтарин тӯҳфа ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад.

Бо қарори Конфронси генералии ЮНЕСКО дар соли 2020  бар-гузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 — солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ низ  аз чунин амалҳои ватандӯстона мебошад, ки дар зинда  кардани таърихи халқи тоҷик, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ муҳим арзёбӣ мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади баргузор кардани  таҷлили солгарди бузургони миллатро баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ муайян карда, ин матлабро дар суханронии худ дар мавзӯи «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» дар конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1310 — солагии Имоми Аъзам  26.02.2009 таъкид карданд:

«Ҳадафи асосии мо аз таҷлили ҷашнҳо ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихии миллатамон ва осори гаронбаҳои онҳо таҳкими ҳарчи бештари ҳисси худогоҳиву худшиносии миллии наслҳои имрӯза ва дар хизмати онҳо қарор додани арзишҳои воло ва дастовардҳои неки фарҳангии ниёгонамон, инчунин бо ҳамин роҳ дар шуури наврасону ҷавонон тарбия кардани эҳсоси ифтихор аз гузаштагон мебошад».

Дар робита ба ин, пешниҳоди Сарвари давлат дар хусуси ҳар сол таҳти сарпарастияшон баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” низ амали саривақтӣ буда, давлат дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватандорӣ, давлатдориву давлатсозӣ, ифтихор аз решаҳои таърихӣ, нақши гузаштагони худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ, нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар эҳё ва рушди таъриху фарҳанги волои миллати худ, эҳтирому арҷгузорӣ  ба онҳо ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия кардани насли ҷавони мамлакатро пайдо мекунад.

Зеро маҳз дар ҳамин замина давлат ва миллати мо ба мақсади таърихӣ ва конститутсионии худ– бунёд кардани ҷомеаи адолатпарвар ва иҷтимоӣ расида, ба наслҳои оянда ватани ободу зебо ба мерос хоҳад гузошт.

Карим КАРИМЗОДА,
муовини Раиси Суди
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ

Источник: khovar.tj