Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуданд

0
186

Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуданд

ДУШАНБЕ, 05.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуданд. Дар ин бора имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 қарори дахлдор қабул намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин санад аз ҷумла омадааст:

«Вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус-Ковид-19 имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19  қарор қабул намуд:

  • Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуда, идомаи таҳсил аз рӯзи 17-уми августи соли 2020 оғоз карда шавад.
  • Баҳои чоряки чорум аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввал ва давомоти чоряки чорум ҷамъбаст карда шавад.
  • Баҳои имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти чорякҳо гузошта шавад.
  • Имтиҳонҳои хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфҳои 9 аз рӯйи 4 фан ва дар синфҳои 11 аз рӯйи 6 фан аз 15-ум то 24-уми июни соли 2020 баргузор гардад.
  • Дар муассисаҳои томактабӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 таътил тамдид карда шавад».
  • АКС аз бойгонӣ

    Источник: khovar.tj