Холиқназаров: ҳадафи ҷангиёни ДОИШ роҳ ёфтан ба Узбакистон буд

0
90

Холиқназаров: ҳадафи ҷангиёни ДОИШ роҳ ёфтан ба Узбакистон буд

Ҳадафи ҳамла намудани ҷангиёни ДОИШ ба гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Узбакистонро коршиноси тоҷик дар умури Осиёи Марказӣ Холиқназар Худобердиев шарҳ додаст

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ҷангҷӯёни созмони террористии “Давлати Исломӣ”, ки ба гузургоҳи марзии Тоҷикистону Узбакистон ҳамла карданд, дар асл нияти доштанд, ки тариқи марзи Тоҷикистон ба давлати Узбакистон ворид шаванд, мегӯяд директори созмони ҷамъиятии Маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Чин Худоберди Холиқназаров.

“Доишиҳо бо убур кардани сарҳади Афғонистон ва даромадан ба хоки Тоҷикистон ният доштанд, ба Узбакистон ворид шаванд”, – изҳор намудаст дар ҳошияи Конфронси X Осиёии Клуби Муҳокимаи Байналмилалии Валдай дар узбакистон.

Коршиноси тоҷик бар назар аст, ки ҳамлаи доишиҳо ба гузаргоҳи “Ишқобод” дар пешорӯи ҷаласаи Низоми минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар Тошканд сурат гирифтааст.

Холиқназаров қайд намуд, ки зимни бозпурсӣ террористҳо иқрор шуданд, ки ҳамлаи худро ҳамчун нишони садоқат ба халифаи навбаргузидаи худ пиёда карданд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи террористии “Давлати Исломӣ” масъулияти ҳамла ба постгоҳи марзии “Ишқобод”-ро кори дасти ҷангиёнаш хонда, аз ҳалокати 10 низомии тоҷик хабар доданд.

Бояд қайд кард, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар доданд, ки шаби 6 – уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд.

Мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар аввал теъдоди кушташудагон миёни афсарону сарбозони кишварро ду нафар арзёбӣ карданд. Баъдан манобеи дигар аз ҳалокати 6нафар хабар доданд.

Источник: sputnik-tj.com