ХАТЛОН НУРОНӢ МЕШАВАД. Соли 2020 дар ин вилоят Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунонии шаҳраку деҳот эълон гардид

0
258

ХАТЛОН НУРОНӢ МЕШАВАД. Соли 2020 дар ин вилоят Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунонии шаҳраку деҳот эълон гардид

ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар вилояти Хатлон «Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунонии шаҳраку деҳот» эълон гардид. Дар  ин бора 17 феврал қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба тасвиб расид.

Тибқи ин қарор, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва идораю корхонаҳои вилоятӣ муваззаф гардидаанд, ки дар ободонӣ ва равшаннамоии ҳудуди биноҳо, биноҳои маъмурӣ, кӯчаю гузаргоҳҳо саҳмгузор бошанд.

Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар медиҳад, тибқи қарори зикршуда чароғонкунии ороишии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, мавзеъҳои ёдгориҳои таърихӣ, роҳҳои нақлиётии дохилишаҳрӣ ва марказҳои шаҳраку деҳот низ  пешбинӣ гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки иқдоми мазкур дар самти вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни муҳими давлатии 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби бештари сайёҳон ва рушди  деҳот дар вилояти Хатлон таъсири амиқ мегузорад.

«Дар вилоят бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва дар доираи корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд»,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта 263 ҳазор сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз мавзеъҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд. Айни ҳол дар вилоят 795 ёдгориву мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва монументалӣ, 101 меҳмонхона, 64 мавзеи сайёҳӣ, 37 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 121 тарабхона, 36 осорхона, 58 чойхона, 54 ҳомстей ва гестҳаус, 69 мағозаи фурӯши армуғон, 97 зиёратгоҳ, 33 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва 20 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошад.

ХАТЛОН НУРОНӢ МЕШАВАД. Соли 2020 дар ин вилоят Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунонии шаҳраку деҳот эълон гардид ХАТЛОН НУРОНӢ МЕШАВАД. Соли 2020 дар ин вилоят Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунонии шаҳраку деҳот эълон гардид

Источник: khovar.tj