Хатари “вирус” дар бозорҳо: аз “Корвон” то бозори Истаравшан муваққатан баста мешаванд

0
240

Хатари “вирус” дар бозорҳо: аз “Корвон” то бозори Истаравшан муваққатан баста мешаванд

“Корвон” ва дигар бозорҳое, ки бо фурӯши либосворӣ дар қаламрави Душанбе фаъолият доранд, муваққатан рухсат мешаванд

ДУШАНБЕ, 29 апр – Sputnik. Ин қарор ҳамин ҳоло дар ҷаласае бо ҳузури Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе гирифта шудааст.

Манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, “Корвон”, Бозори дӯстии Чину Тоҷикистон ё “Хитойбозор” ва дигар бозорҳое, ки бо фурӯши либосворӣ дар пойтахт фаъоланд, шурӯъ аз фардо баста мешаванд.

“Албатта, ин тасмими муваққатӣ буда, то 10 май идома хоҳад кард. Ин тасмим ба хотири пиёда кардани барномаи ҳукуматии ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” роҳандозӣ мешавад”, – гуфт манбаъ.

Бозорҳо дар Тоҷикистон ҳамеша макони таҷаммуъи бузурги афрод будаанд. Ба қавли шоҳидон, рӯзҳои ахир бозорҳои серодами пойтахт, қабл аз ҳама “Корвон” хеле камодам шуда, аксари тоҷирон ҳам дари дӯконҳои худро баста буданд.

Иттилои дигаре, ки ин шабу рӯз аз Истаравшан мерасад, ривоят аз густариши маризии “пневмония” дар ин шаҳри дигари Тоҷикистон дорад. Ба қавли мусоҳибони мо, густариши “пневмония” дар Истаравшан маҳз аз бозори ҳамеша серодами ин шаҳри таърихӣ шурӯъ шудааст.

Расман дар ин бора, ки дар Истаравшан теъдоди гирифторони “пневмония” ба чӣ адад расидааст, иттилое нест. Аммо тибқи иттилои ғайрирасмӣ, ин рақам ба даҳҳо нафар мерасад.

Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.

Источник: sputnik-tj.com