Хадамоти давлатии «Муҳофиза» соҳиби бинои нав мегардад

0
150

Хадамоти давлатии «Муҳофиза» соҳиби бинои нав мегардад

ДУШАНБЕ, 10.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  9 март  Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода аз ҷараёни сохтмони бинои нави Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ  дидан намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Хадамоти давлатии «Муҳофиза» соҳиби бинои нав мегардадБинои маъмурӣ аз таҳхона ва ҳашт ошёна иборат буда, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шуда, барои кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД пешбинӣ шудааст.
Дар таҳхонаи иморати таъмиршаванда ошхона, толори варзишӣ, дар ошёнаи якум қисми навбатдорӣ, утоқҳои истироҳатӣ ва дар дигар қисмати бино ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, конфронсзал ва меҳмонхона бо шароити замонавӣ бунёд карда мешаванд.

Вазири корҳои дохилӣ бо таъмиру навсозии бинои Хадамоти мазкур шиносоӣ пайдо намуда, барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Источник: khovar.tj