ХАБАРИ ФАВРӢ! Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 461 нафар расид

0
56

ХАБАРИ ФАВРӢ! Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 461 нафар расид

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати шоми 7 май дар Тоҷикистон 82 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи беморон ба 461 нафар расид. Ҳамзамон, давоми шабонарӯзи гузашта 4 ҳолати фавт сабт гардида, дар умум 12 нафар беморони гирифтори ин навъи нави коронавирус фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати шоми имрӯз дар муассисаҳои табобатии кишвар 4205 нафар зери назорати табибон қарор дошта, давоми шабонарӯзи охир 345  нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати навъи нави коронавируси CОVID-19 тамоми тадбир  ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.

Источник: khovar.tj