ХАБАРИ ФАВРӢ! Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 1322 нафар расид

0
51

ХАБАРИ ФАВРӢ! Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 1322 нафар расид

ДУШАНБЕ, 16.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати соати 17:30-и 16 май дар Тоҷикистон 204 ҳолати нави сиротяёбӣ ва 3 мавриди фавти беморони гирифтори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо мутаносибан ба 1322 ва 36 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матуботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

То имрӯз дар мамлакат 4326 нафар зери назорати табибон қарор дошта, давоми шабонарӯзи охир 414 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати навъи нави коронавируси CОVID-19 тамоми тадбирҳо ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад,ки  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.

Источник: khovar.tj