ХАБАРИ ФАВРӢ. Шумораи беморони гирифтори коронавирус дар Тоҷикистон ба 379 нафар расид

0
172

ХАБАРИ ФАВРӢ. Шумораи беморони гирифтори коронавирус дар Тоҷикистон ба 379 нафар расид

ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати соати 17:30 6 май дар Тоҷикистон 86 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо ҳамагӣ ба 379 нафар расид. Ҳамчунин то имрӯз 8 нафар беморони гирифтор ба ин вирус фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар муассисаҳои табобатии кишвар 3596 нафар зери назорати табибон қарор дошта, давоми шабонарӯзи охир 246 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.

 

АКС аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Источник: khovar.tj