ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон шумораи беморони аз COVID-19 шифоёфта ба 1223 нафар расид

0
111

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон шумораи беморони аз COVID-19 шифоёфта ба 1223 нафар расид

ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. То соати 18:30 дақиқаи 23 май дар Тоҷикистон 2738 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1223 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, теъдоди ҳолатҳои фавти беморони мубтало ба ин вирус бетағйир боқӣ монда, 44 нафар мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

То имрӯз дар мамлакат 3028 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 479 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Источник: khovar.tj