Гузоштани санги асоси майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон

0
112

28 сентябр дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ҳамчунин ба корҳои бунёди Майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия оғоз бахшиданд.

Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 2 ҳазору 300 метри мураббаъ доман густурда, маблағгузории иншооти муҳими ноҳияро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба зима дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи бунёди Майдони Парчамӣ давлатӣ сохтмончиёнро ба риояи қоидаҳои меъморию шаҳрсозӣ ҳидоят намуда, барои зебою чароғон гардонидани ҳудуди иншоот ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Лоиҳаи бунёди Майдони Парчами давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, дар радифи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ бо арзиши 1,2 миллион сомонӣ сохта мешавад.

Зикр шуд, ки Майдони Парчами давлатӣ бо дарназардошти ташкили макони фароғату истироҳат ва сайру гашти сокинону меҳмонон бунёд шуда, аз ҳар ду ҷониб бо чароғҳои равшанидиҳанда ва фаввораҳо зебу зиннат дода мешавад, ки ба маркази маъмурии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳусни тоза зам хоҳад кард.

Сутунпояи Парчами давлатӣ бо баландии 30 метр бунёд мегардад. Паҳноии матои Парчам 4 ва дарозиаш 8 метрро ташкил менамояд.

Чунин раванди корҳои ободонӣ дар ноҳияи Шуғнон аз дастгирию пуштибонии пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Ин дар навбати худ сокинони ноҳияро барои анҷом додани амалҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят хоҳад кард.

Источник: president.tj