Гузоштани санги асоси Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод

0
209

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҳамчунин ба бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки боғи  мазкур дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти “Деҳибаланд” ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 6 гектар сохта мешавад.

Иншооти мазкур дар давоми ду сол бо тарҳи зебову замонавӣ бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд карда хоҳад шуд. Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия бо назардошти арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, Парчами миллӣ бо баландии 55 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 33 метр сохта мешавад.

Тибқи иттилои масъулин, дар иншооти бунёдшаванда ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва баргузории чорабиниҳои идона, дар дохили боғ бунёди Амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, 5 адад фаввора, 4 майдонча барои бозии кӯдакон, нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ, ду таваққуфгоҳ ва бунёди чандин иншооти дигари ёрирасону хизмтрасонӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар дохил ва гирду атрофи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ шинонидани 500 ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан ва насби 100 адад таҷҳизоти равшандиҳанда дар назар аст. Масоҳати 4 гектар замини назди боғ низ сабзапӯш карда мешавад.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи мазкур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки  Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва Нишону Парчами давлатиро дар муҳлати муайяншуда, яъне то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд намоянд.

Источник: president.tj