Гузоштани санги асос ба сохтмони пули мошингузар дар шаҳри Хоруғ

0
151

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи “Селхозтехника”-и шаҳри Хоруғ бо гузоштани санги асос ба сохтмони пули калони мошингузар дар болои дарёи Ғунд оғози расмӣ бахшиданд.

Пули нав бо паҳнои 15 метр ва дарозии 200 метр 100 тонна иқтидори борбардорӣ дорад.

Баъди пайваст шудани ду тарафи соҳил, роҳҳои ба пул пайвастшаванда низ дар масофаи 100 метр таҷдиду навсозӣ ва чароғон карда мешаванд.

Пули мошингузар дар болои дарёи Ғунд бо тарҳи байналмилалӣ сохта шуда, аз ҳафт сутунпояи зербино ва ду самти ҳаракати нақлиёт иборат мебошад. Аз ҳар ду ҷониби пул бунёди роҳи пиёдагард ҳамчун эстакада ба нақша гирифта шудааст.

Дар рафти сохтмони пули мошингузар мутахассисону сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷойи кор таъмин шуда, соҳиби маоши хуб мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи ин иншооти муҳими вилоят, ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар муҳлати муайянгардида дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Лоиҳаи пули мошингузар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ татбиқ мегардад ва он аз ҷониби Ширкати лоиҳакашию купрӯксозии “Темелсу интернэшнл сервис пинк”-и давлати Туркия таҳия гардидааст.

Сохта ба истифода додани пули мошингузар дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ, ки орзуи деринаи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, танбашавии ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемурро пурра аз миён бардошта, ҳаракати нақлиёти мусофиркашу боркаш тавассути ин пули нав ба роҳ монда хоҳад шуд.

Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои мошингарди маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ низ таъмиру тармим шуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардонида шудааст.

Бо дарназардошти он ки роҳи маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ аҳамияти байналмилалӣ дорад, дар нақша аст, ки дар ояндаи наздик қисми боқимондаи ин шоҳроҳ низ марҳила ба марҳила таъмиру навсозӣ карда шавад.

Источник: president.tj