Гурӯҳи тарғиботӣ Паёми Пешвои миллатро ба сокинони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дод

0
221

Гурӯҳи тарғиботӣ Паёми Пешвои миллатро ба сокинони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 18.01.2020./АМИТ «Ховар»/. «Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пайкест аз натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои гуногуни мамлакат ва муайянкунандаи  дурнамои рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ», чунин зикр гардид, дар вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ, ки вобаста ба муҳтавои нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат дар шаҳри Ҳисор бо иштироки фаъолон ва аҳли зиёи шаҳр баргузор шуд. 

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода зимни тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамкат ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуд, ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019-ро дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор арзёбӣ намуданд. Татбиқи чорабиниҳои муайяншуда дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон б арои солҳои 2016-2020» барои расидан ба ҳадафи олии ҳукумат, хусусан  баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намуд.

Гурӯҳи тарғиботӣ Паёми Пешвои миллатро ба сокинони шаҳри Ҳисор тавзеҳ додТаъкид шуд, ки Пешвои миллат дар Паём тамоми самтҳои давлатдориро бори дигар таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳоро барои фаъолият дар соли ҷорӣ тарҳрезӣ карданд. Хусусан дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул гардид, зеро рушди саноат барои таъмини устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Дар вохӯрӣ бо дахли рушди соҳаҳои  иқтисодию иҷтимоӣ, ки дар Паёми Пешвои миллат махсус зикр гардидааст,  гуфта шуд, ки дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром идома дорад.  Ба ифтихори 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 767 иншоот  пешбинӣ гардида,  204 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Зикр шуд, ки раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Ҳисор собит менамояд, ки сокинони шаҳр бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро  сармашқ ва рисолати кору фаъолияти худ қарор дода, дар рушду пешрафти ҷомеаи Тоҷикистони муосир саҳми босазо мегузоранд.

Источник: khovar.tj