Гурӯҳи нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунанд

0
185

Гурӯҳи нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунанд

ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 феврал то 2 март гурӯҳи нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунанд. Ба гурӯҳи нозирон намояндагони парлумон аз ҳафт кишвари Иттиҳод шомил мегарданд. Дар ин бора роҳбари хадамоти матбуоти Котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Олга Гнездилова хабар дод.

Барномаи кории онҳо: мулоқот бо роҳбарияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони ҳизбҳое, ки дар интихобот иштирок менамоянд. Рӯзи овоздиҳӣ — аз лаҳзаи боз кардан то ҳисоби ниҳоии овозҳо, гурӯҳи нозирон раванди баргузории ин маъракаро дар участкаҳои интихоботӣ назорат мекунад.

Нозирони ассамблеяи байнипарлумонӣ кӯшиш мекунанд, ки ба маъракаи интихобот баҳои воқеӣ диҳанд. Онҳо ба таври ошкоро фаъолият  намуда, омодаанд дар бораи тарзу усулҳои назорати интихобот дар Маҷлиси намояндагон суҳбат кунанд, таассуроти худро дар бораи вохӯриҳо ва равандҳои дар участкаҳои интихоботӣ рухдода баён намуда, ба саволҳои журналистон посух диҳанд ва дар намоишҳои мустақим дар телевизион ва радио ширкат кунанд.

Дар ҳайати миссияи АБП ИДМ мушовири Дабири кулли Котиботи Ассамблея  Павел Пашнов фаъолият хоҳад кард.

Источник: khovar.tj