Гурӯҳи эҷодии театри ба номи В.Маяковский ба Фестивали театрҳои Россия меравад

0
133

Гурӯҳи эҷодии театри ба номи В.Маяковский ба Фестивали театрҳои Россия  меравад

ДУШАНБЕ, 13.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Ду спектакл — «Тартюф» ва «Шабе дар театр»-ро ҳунармандони Театри давлатӣ-драмавии русии ба номи В. Маяковский ба тамошобинони Россия намоиш медиҳанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти театри мазкур хабар доданд.

Ба гуфтаи муовини директори театр Гулнора Ахмедова, сафари ҳайат 16 ноябр оғоз меёбад. Дар шаҳри Тамбов гурӯҳи эҷодӣ ба  ҳаводорони санъати театрӣ  мазҳакаи маъруфи Ж. Б. Молйерро нишон хоҳад дод. Ин асарро  коргардони боистеъдод, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков ба саҳна гузоштааст.

Нақшҳои асосиро ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дмитрий Мурзинов, Мавлона Наҷмиддинова, Хуршед Мустафоев, Марина Ярмолик, Абдуваҳҳоб Дӯстов ва дигарон иҷро кардаанд. «Тартюф» як пйесаи мазҳакавии Молйер аст, ки соли 1664 навишта шуда, то  имрӯз дар театрҳои тамоми ҷаҳон шаҳомати худро аз даст надодааст.

Спектакли дуввум, ки ба тамошобинони шаҳри Тамбов намоиш дода мешавад, «Шабе дар театр»-и коргардон Хуршед Мустафоев мебошад. Дар спектакл се ҳикояи маъруфи Антон Чехов- «Пешниҳод», «Суруди қувон» ва «Хирс» ба таври касбӣ ва хеле ҳамоҳанг муттаҳид гаштаанд. Нақшҳоро Дмитрий Мурзинов, Мунира Дадаева, Марина Ярмолик ва Абдуваҳҳоб Дӯстов иҷро мекунанд.

Амалиёти спектакл шабона дар театр ба вуқӯъ мепайвандад. Ин ҷо низ ду ҳунарпеша, тавре ки дар достони «Суруди қувон” омадааст, тасодуфан шабона дар театр танҳо мемонанд. Байни онҳо суҳбат оғоз меёбад ва ҳарду беихтиёр ба олами  хотираҳои хеш ғарқ мешаванд, ки ин хотираҳо саросар олудаи  нақшҳои бозидаашон мебошанд. Ёди гузашта онҳоро аввал ба пйесаи «Пешниҳод», баъд  ба пйесаи «Хирс» мебарад. Ҳунармандон ҳамчунин  дар хотир доранд, ки онҳо борҳо дар “Шоҳ Лир” бозӣ мекарданд. Дар намоиш  ҳаёти ду ҳунарманд акс ёфтааст. Мавриди зикр аст, ки тамошобинон ин намоишро аллакай дар театрҳои пешрафтаи вилоятҳои Хатлон ва Суғд  низ тамошо кардаанд.

Ғайр аз ин, 19 ноябр гурӯҳи эҷодии театр дар Фестивали театрҳои Россия ширкат хоҳад кард, ки дар он гурӯҳҳои русзабон аз кишварҳои ҳамсоя беҳтарин намоишҳои худро дар майдонҳои мухталифи Москва намоиш медиҳанд.

Гурӯҳи эҷодии театри ба номи В.Маяковский ба Фестивали театрҳои Россия  меравадДар фестивали мазкур, ки дар Москва доир мегардад,  бори аввал ҳунармандони тоҷик аз театри Маяковский бо намоиши “Тартюф”  иштирок менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки ин ҷашн дар доираи Соли театр, ки имсол дар Федератсияи Россия эълон шудааст, баргузор мешавад.

Дар фестивал гурӯҳҳои эҷодии Театри давлатӣ-академии драмавии русии Тбилиси ба номи А. Грибоедов (Гурҷистон), Театри давлатӣ- драмавии русии ба номи Ч.Айтматов (Бишкек, Қирғизистон), Театри давлатӣ-драмавии русии ба номи Ф. Искандер (Сухуми, Абхазистон), Театри давлатӣ-академии драмавии русии ба номи М. Лермонтов (Алмаато, Қазоқистон), Театри академӣ-драмавии русии Ӯзбекистон (Тошканд, Ӯзбекистон), Театри давлатӣ-драмавии русии ба номи А. Чехов (Кишинёв, Молдова) низ ширкат доранд.

Тавре муовини директори театр Гулнора Ахмедова шарҳ дод, сафари мазкур дар доираи барномаи Маркази федералии дастгирии фаъолияти сайёҳӣ- “Сафарҳои калон. Барномаи хориҷӣ» сурат мегирад.

Источник: khovar.tj