Гумрукчиёни тоҷик дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат нақши калидӣ доранд. 22 январ — Рӯзи кормандони ин мақомот

0
310

Гумрукчиёни тоҷик  дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат нақши калидӣ доранд.  22 январ — Рӯзи кормандони ин мақомот

ДУШАНБЕ, 22.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори Рӯзи кормандони  мақомоти гумруки Тоҷикистон тибқи муқаррароти моддаи 486 – и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти гумруки мамлакат маросими савгандёдкунии як гурӯҳ ҷавонафсарон доир гардид. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Инчунин интизор меравад, ки дар ин рӯз бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардида, кормандони фаъоли мақомоти  гумруки мамлакат бо ифтихорнома ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ шаванд.

Мақомоти гумруки Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 1992  таъсис дода  шудааст. Давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо таваҷҷуҳи Асосгузорси сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сохтори калидию  мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети  мамлакат табдил ёфт. Воқеан мақомоти гумруки Тоҷикистон дар радифи бархе аз ниҳодҳои марбутаи мамлакат дар ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ яке аз ниҳодҳои калидӣ ба шумор рафта, дар танзими фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Мақомоти гумрук ҳамзамон дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат мақоми хосса дошта, ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намуда, дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ таъсиррасон аст. Рисолати Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ҳамчун  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ ва қочоқи молу маҳсулот, ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон, аслиҳа, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангии мардум ва  назорат  аз болои содироти молҳои муҳими дорои аҳамияти стратегӣ  нигаронида шудааст.

Гумрукчиёни тоҷик  дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат нақши калидӣ доранд.  22 январ — Рӯзи кормандони ин мақомот Гумрукчиёни тоҷик  дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат нақши калидӣ доранд.  22 январ — Рӯзи кормандони ин мақомот

Тоҷикистон  дар байни кишварҳои собиқ шӯравӣ дуюмин шуда, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тарифи гумрукӣ»-ро таҳия  намуд, ки он дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Соли 2004 Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи умумибашарӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ таҳия шуд, ки барои рушду такомули заминаҳои ҳуқуқии соҳа марҳилаи сифатан нав маҳсуб мешавад. Кодекси нав яке аз омилҳои асосии рушди  иқтисодиёти мамлакат гашта, барои ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ, фаъолгардонии соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб аъзои Созмони ҷаҳонии гумрук ва иштирокчии конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи гумрук мебошад.

Тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ заминаи моддию техникии Хадамоти гумрук  тақвият ёфта,  қариб тамоми дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва биноҳои маъмурӣ дорои заминаи моддию техникии  муосир гардиданд. Дар зарфи 28 соли охир  беш аз 50 иншооти  нав  ба истифода дода шуда, зиёда аз сад иншоот таъмиру таҷдид гардиданд. Дар масоҳати 24 гектар дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён» ва Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук бунёд гардида, бо таҷҳизоти назоратии замонавӣ таъмин шудаанд. Инчунин  дидбонгоҳҳои гумрукии «Кулма», «Қизил-Арт», «Қарамиқ», «Айвоҷ», «Қӯштегирмон» «Гулистон» ва Терминали «Дӯстӣ» ба истифода дода шуда, чандин иншооти гумрукӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, биноҳои дидбонгоҳҳои гумрукии «Тем», «Рузвай», «Ишкошим», «Нов», «Пролетар», «Пахтаобод», «Хушодӣ» ва  «Патар» мавриди истифода қарор гирифтанд. Терминали гумрукии «Мурғоб» сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид.

Гумрукчиёни тоҷик  дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат нақши калидӣ доранд.  22 январ — Рӯзи кормандони ин мақомот Гумрукчиёни тоҷик  дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат нақши калидӣ доранд.  22 январ — Рӯзи кормандони ин мақомот Гумрукчиёни тоҷик  дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат нақши калидӣ доранд.  22 январ — Рӯзи кормандони ин мақомот Гумрукчиёни тоҷик  дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат нақши калидӣ доранд.  22 январ — Рӯзи кормандони ин мақомот Гумрукчиёни тоҷик  дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат нақши калидӣ доранд.  22 январ — Рӯзи кормандони ин мақомот

Дар ин давра мақомоти гумрук  дорои таҷҳизоти назоратии муосир шуд. Кормандони мақомоти гумрук барои пешбурди фаъолияти хизматиашон бо таҷҳизоти муосири коргузорӣ, муоина ва назорати гумрукӣ таъмин мебошанд.

Бо истифода аз ин фурсат ҳайати эҷодии  АМИТ «Ховар» кормандони мақомоти гумруки мамлакатро бо иди касбиашон табрик гуфта,  ба онҳо муваффақиятҳо орзуманданд.

Марзияи САИД,
АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj