Гумонбаршавандагон маблағҳои аз ғоратгарӣ ба даст овардаашонро дар марказҳои дилхушӣ сарф мекардаанд

0
154

Гумонбаршавандагон маблағҳои аз ғоратгарӣ  ба даст овардаашонро дар марказҳои дилхушӣ сарф мекардаанд

ДУШАНБЕ, 23.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ содиркунандагони силсилаҷиноятҳои ғоратгариро ошкор намуданд, ки дар содир намудани он як нафар зан ва як ҷавон гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора аз раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Содиркунандагони силсилаҷиноятҳои ғоратгарӣ шаҳрвандон Боиров Манучеҳр Аҳмадҷонович, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев, ки қаблан бо ҷурмҳои гуногун маҳбасӣ шудааст ва ҳаммаслаки ӯ шаҳрванд Фирӯза Тошпулатова, соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд.

Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурдагон шабона дар кӯчаҳои пойтахт ба ғоратгарӣ машғул шуда, шаҳрвандонро думболагирӣ карда, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ телефони мобилӣ ва маблағҳои пулиашонро тасарруф мекардаанд.

Аз ҷумла, Манучеҳр Боиров 4 марти имсол тақрибан соати 20:30-и шаб ҳангоми дар соҳили дарёи Душанбе қарор доштанаш шаҳрванд Умед Тешаев, сокини пойтахтро мавриди лату кӯб қарор дода, телефони мобилӣ, ангуштарини тилло ва як миқдор маблағҳои пулии номбурдаро ба таври ошкоро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.

Инчунин худи ҳамон рӯз тақрибан соати 24:30-и шаб дар кӯчаи Борбад шаҳрванд Абдусамад Шоев, сокини шаҳри Душанберо мавриди лату кӯб қарор дода, аз ҷайбаш телефони мобилӣ ва 1180 сомонӣ маблағи пулиро аз худ намудааст.

Ҳамзамон гумонбаршавандагон боз такроран дар чанд мавриди дигар низ даст ба кирдорҳои зиддиқонунӣ задаанд. Аз ҷумла, 7 марти соли равон тақрибан соати 21 шаб дар кӯчаи Миралӣ шаҳрванд Далер Табаровро низ зери лату кӯб қарор дода, телефони мобилии номбурдаро дуздидаанд.

Гумонбаршавандагон маблағҳои аз роҳи ҷиноят ба даст овардаашонро танҳо дар марказҳои дилхушӣ сарф намуда, баҳри истироҳати яклаҳзаина ба шаҳрвандони зиёде зарари ҷисмониву молиявӣ расонидаанд. Тибқи маълумоти тафтишотӣ, ин ду нафар дар содир намудани 5 лаҳзаи ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар дониста шуда, ба шаҳрвандон зиёда аз 10 000 сомонӣ зарар расонидаанд.

Айни замон нисбат ба онҳо бо моддаи 248 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаи ҷинятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишӣ дар ин самт ҷараён доранд.

 

Источник: khovar.tj