Гарегини-II сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба Арманистон таҳкимбахши муносибатҳои дӯстона номид

0
135

Гарегини-II сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба Арманистон таҳкимбахши муносибатҳои дӯстона номид

ДУШАНБЕ, 05.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арманистон  бо Патриархи олӣ ва роҳбари олии рӯҳониёни арманҳои дунё  Гарегини-II мулоқот намуд.

«Таърих ҳамкории фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистону Арманистонро хуб арзёбӣ менамояд. Санъат, адабиёт ва фарҳанги халқҳои мо минбаъд аз нуқтаи назари ин анъанаҳои пуршарафи таърихӣ рушд ёфтаанд»,-гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки қадами муҳим дар роҳи  рушд ва муколамаи тамаддунҳо- ин ҷустуҷӯи нуқтаҳои оғози манфиатҳои муштарак ва арзишҳои умумии фарҳанг ва мазҳаб мебошад.

Патриархи олӣ ва роҳбари олии рӯҳониёни арманҳои дунё  Гарегини-II  сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арманистон  ва натиҷаҳои онро ҳамчун идомаи самти таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Арманистон арзёбӣ намуд.

Патриархи олӣ ва роҳбари олии рӯҳониёни арманҳои дунё  Гарегини-II  иброз намуд, ки  имрӯз  дар Ҷумҳурии Арманистон  намояндагони  дину мазҳабҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда озодона фаъолият намуда, баҳри таҳкиму якпорчагии Арманистон   заминаи комил бунёд мекунанд.

Источник: khovar.tj