«Гар бихоҳӣ умри ҷовид, як ниҳоле сабз кун»- намоиши фарҳангию кишоварзӣ дар ноҳияи Ёвон

0
156

«Гар бихоҳӣ умри ҷовид, як ниҳоле сабз кун»- намоиши фарҳангию кишоварзӣ дар ноҳияи Ёвон

ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни бостонии Сада дар боғи «Ғалаба»-и шаҳраки Ёвон таҳти унвони «Гар бихоҳӣ умри ҷовид, як ниҳоле сабз кун» намоиши фарҳангию кишоварзӣ баргузор гардид. 

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар намоиш  раиси ноҳия ва фаъолону меҳмонон иштирок намуданд. Зимни намоиши мазкур ҳунармандону кишоварзони  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  ҳунарҳои хеш,  аз қабили кашидадӯзию чеварӣ, бофандагию ресандагӣ, рассомию кандакорӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ниҳолу гулу буттаҳоро ба маърази бинандагон гузоштанд.

Раиси ноҳияи Ёвон  Ҷамшед Саидзода изҳор дошт, ки «Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, дар гузашта он ҳамчун рамзи бузургдошти Офтоб, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз таҷлил карда мешуд. Ҷашни Сада рамзи рафтани нимаи зимистон аст, ки ба мардум муждаи баҳор меоварад ва деҳқононро ба кишту кори саҳро омода менамояд».

Самараи истиқлоли Тоҷикистон аст, ки суннатҳо ва анъанаҳои арзишманди аҷдодонамон, аз ҷумла иди ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаи Сада имрӯз аз нав эҳё шудаанд.

Дар хотимаи намоиш барномаи консертии ҳунармандон ва ҳаваскорони ноҳия таҳти унвони «Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз» манзури ҳозирин гардонида шуд.

Источник: khovar.tj