ФУТЗАЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба зинаи 61-ум баромад

0
150

ФУТЗАЛ: дастаи  мунтахаби Тоҷикистон ба зинаи 61-ум баромад

ДУШАНБЕ, 17.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба  футзал  дар раддабандии нашрнамудаи нави футзал ба зинаи 61-ум баромад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, аз ин пеш дастаи мунтахаби  яккачини  Тоҷикистон оид ба футзал,  дар ҷойи 62-ум қарор дошт.

Дар моҳи феврал футзалистони шинохтаи тоҷик ҳамагӣ 6 бозӣ анҷом дода, бар ҳамтоёни худ аз Малайзия, Арабистони Саудӣ ва Кувайт дастболо шуданд. Дар ин феҳрист 113 даста аз кишварҳои гуногуни дунё ҷойгиранд.

Дар мақоми аввали раддабандӣ дастаи мунтахаби  футзали  Бразилия қарор дорад.

Источник: khovar.tj