Футболбозони ҷавони тоҷик дар Туркия бозии санҷишӣ доир намуданд

0
212

Футболбозони ҷавони  тоҷик дар Туркия бозии санҷишӣ   доир намуданд

ДУШАНБЕ, 13.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол  дар доираи ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар шаҳри  Анталияи Туркия ба муқобили  дастаи  мунтахаби ҷавонони   Гурҷистон  бозии санҷишӣ баргузор намуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ,  вохӯрии мазкур байни дастаҳо хеле  ҷолиб сурат гирифта, бо  ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Ин  аввалин бозии санҷишии  дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон  дар ин сол мебошад. Дар шаҳри  Анталия футболбозони  ҷавони тоҷик боз се бозии дигари санҷишӣ доир менамоянд. Ҳарифони навбатии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон баъдтар муайян мегарданд. Ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Туркия барои дастаи мунтахаби  ҷавонони Тоҷикистон  як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз  14 то 31 октябри соли равон  дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Бозии санҷишӣ

Тоҷикистон (U-19) – Гурҷистон (U-19) – 0:0

Тоҷикистон (U-19): Шоҳрух Қирғизбоев, Исроил Холов, Алиҷон Кароматуллозода (Маҳмуд Пиров, 87), Муҳаммад Саломзода (Шуҳрат Элмуродов, 76), Шоҳрух Сангов (Асадбек Зиёзода, 87), Озодбек Панҷиев (Сунатулло Исмоилов, 76), Эмомалӣ Аҳмадхон (Исмоилҷон Алимардонов, 60), Ислом Зоиров (Шерзод Дадабоев, 60), Амадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов (Умеҷон Холиқов, 60), Муҳаммадалӣ Азизбоев (Азизбек Ҳасанов, 60).

Источник: khovar.tj