ФУТБОЛ: «Хуҷанд» дар бозӣ бо дастаи «Нефтчӣ» ғолиб нагардид

0
235

ФУТБОЛ: «Хуҷанд»  дар бозӣ бо   дастаи «Нефтчӣ»  ғолиб  нагардид

ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Чанд лаҳза  пеш дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон-дастаи футболи «Хуҷанд»-и  Хуҷанд аввалин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар сафар ба муқобили дастаи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор намуда, бо ҳисоби 1:0  мағлуб шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон бозии ҷавобияшро дар плей-оффи Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё-2020 26 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри  Душанбе баргузор мекунад. Бозӣ бо дархости  дастаи футболи «Хуҷанд» бинобар омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд ба Душанбе гузаронида шуд.

Дар сурати пирӯзӣ  дастаи «Хуҷанд» ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи қитъавӣ мушарраф шуда, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон  ва «Дордой»-и  Қирғизистон рақобат мекунад.

Источник: khovar.tj