ФУТБОЛ: чаҳор дастаи Тоҷикистон дар Ҷоми Лигаи Ӯзбекистон иштирок мекунанд

0
125

ФУТБОЛ: чаҳор  дастаи    Тоҷикистон дар Ҷоми Лигаи Ӯзбекистон  иштирок мекунанд

ДУШАНБЕ, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Чаҳор дастаи футболи Тоҷикистон — «Хуҷанд»-и  Хуҷанд, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Истаравшан»-и Истаравшан  ба мусобиқаи Ҷоми Лигаи Ӯзбекистон даъват шудаанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Ба  иттилои номбурда, ба ғайр аз дастаҳои футболи Тоҷикистон, инчунин дастаҳои футболи Қирғизистон- «Дордой»-и  Бишкек, «Олай»-и Ӯш, «Абдиш-Ата»-и Кант ва «Каганат»-и  Ӯш барои ширкат дар ин мусобиқа розигӣ додаанд.

Источник: khovar.tj