ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ… Вазири нави маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода фаъолиятро аз баррасии ҷалби хонандагон ба китоб оғоз намуд

0
147

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ… Вазири нави маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода фаъолиятро аз баррасии ҷалби хонандагон ба китоб оғоз намуд

ДУШАНБЕ, 06.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад. Дар партави ин гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, дирӯз бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2020 ба тасвиб расид.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Бо дарназардошти ин, Вазири маориф ва илми мамлакат Муҳаммадюсуф Имомзода аз рӯзҳои нахустини оғози фаъолият диққати асосиро ба масъалаи ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ ва ба ин васила боло бардоштани сатҳи таълиму тарбия равон сохта, дар ҷаласае натиҷаи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем»-ро баррасӣ намуд. Дар ҷаласа роҳбарияти вазорат доир ба ҳадафи лоиҳа ва ҷараёни татбиқи он дар соҳаи маориф сухан ронда, зикр намуданд, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи мазкур як қатор корҳоро анҷом дод.

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ… Вазири нави маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода фаъолиятро аз баррасии ҷалби хонандагон ба китоб оғоз намудРоҳбари Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» дар Тоҷикистон Терри Ҷайлз дар ин ҷаласа оид ба фаъолияти он маълумот дода, зикр намуд,  дар самти омода намудани китобҳои бадеии бачагона, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия гардида буданд, корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Вобаста ба ин бо муаллифон, рассомон ва ороишгарон семинарҳои омӯзишӣ баргузор намуда, ба онҳо ҷиҳати таҳияи китобҳои ба синну соли хонандагон мувофиқ дастуру тавсияҳо дода шуд. Ҳамзамон дар семоҳаи охири соли 2019 ва аввали 2020 аз ҷониби лоиҳа 93 номгӯй китоб чоп ва харидорӣ гардидааст, ки аз ин 72 номгӯй бо забони тоҷикӣ ва 21 номгӯй бо забони русӣ мебошад.

Дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем», ки аз ҷониби USAID татбиқ мегардад, муовини якум ва муовини Вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён ва Латофат Назирӣ, директори минтақавии USAID Пол Ричардсон, роҳбари Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» дар Тоҷикистон Терри Ҷайлз ва дигар намояндагони Вазорат, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» иштирок намуданд.

Источник: khovar.tj