«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…». Низомиёни Россия ба Тоҷикистон ҳазор дона китоб оварданд

0
153

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…». Низомиёни Россия ба Тоҷикистон ҳазор дона китоб оварданд

ДУШАНБЕ, 07.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон ба Маркази илму фарҳанги Россия дар Душанбе беш аз ҳазор китоб тақдим карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Спутник» хабар медиҳад.

Тавре гуфта мешавад,  китобҳо асосан аз адабиёти бадеӣ ва асарҳои классикони рус ва ҷаҳонӣ иборат мебошанд.

Китобҳо дар доираи иқдом барои интиқоли китобҳои дарсӣ ба кӯдакон дар Тоҷикистон тақдим гардиданд. Онҳоро аз Екатеринбург тавассути ҳавопаймои ҳарбии нақлиётӣ овардаанд.

Ташкилотҳои ҷамъиятии вилоятҳои Свердлов, Тюмен ва Қӯрғани Россия дар ҷамъоварии китобҳо мусоидат намуданд.

Ҳамчунин омадааст, ки дар оянда китобҳо мувофиқи дархостномаҳо ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимии минтақавӣ ва миёнаи Тоҷикистон тақсим карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2019 дар Иттиҳод Соли китоб эълон гардидааст. Бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 феврали соли 2019 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон карда шуд.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар, инчунин ба хотири таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Источник: khovar.tj