Фозил Обидов ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур №3 пешбарӣ шуд

0
297

Фозил Обидов ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии   Шоҳмансур №3 пешбарӣ шуд

ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ, ки дар   Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, номзадии Фозил Обидов ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур №3 пешбарӣ шуд.

Дар кори он узви  Раёсати КИМ ҲХДТ дар Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода,  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азизхўча Азизов, Раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии №3 Фаридун Ҳакимов ва вакилони Конференсия  иштирок намуданд.

Источник: khovar.tj