Форуми намояндагони кумитаҳои дахлдори парлумони кишварҳои аъзои ГАО баргузор гардид

0
52

23 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи 37-умин ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиёӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) аввалин Форуми намояндагони парлумони кишварҳои аъзои ГАО баргузор гардид. 

Форуми намояндагони кумитаҳои дахлдори парлумони кишварҳои аъзои ГАО баргузор гардид

Дар кори Форум роҳбарону намояндагони кумитаҳои дахлдори парлумон, кумитаҳо ва комиссияҳои байниидоравӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин воҳидҳои кашшофии молиявии давлатҳои узви ГАО ширкат варзиданд.

Форуми намояндагони кумитаҳои дахлдори парлумони кишварҳои аъзои ГАО баргузор гардид

Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён азми худро ҷиҳати такмили қонунгузории миллии кишварҳояшон бо мақсади татбиқи самараноки талаботи стандартҳои байналмилалӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом изҳор намуданд.

Форуми намояндагони кумитаҳои дахлдори парлумони кишварҳои аъзои ГАО баргузор гардид

Ҳамзамон бо ин, иштирокчиёни Форум нақши ҳалкунандаи мақомоти қонунгузорро дар танзими муносибатҳои ҷамъиятиву ҳуқуқӣ иброз намуда, хоҳиши таҳкими низомҳои миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм тавассути таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъкид намуданд.

Форуми намояндагони кумитаҳои дахлдори парлумони кишварҳои аъзои ГАО баргузор гардид

Бо мақсади ҳамкориҳои минбаъда, табодули таҷриба ва таҷрибаи пешқадам оид ба татбиқи стратегияҳои миллӣ ва қабули санадҳои қонунгузорӣ оид ба мубориза баин зуҳуроти номатлуб, иштирокчиёни Форум ташаббуси идомаи кори муштаракро дар чунин сатҳи бисёрҷониба ба таври мунтазам дастгирӣ намуданд.

Қобили қайд аст, ки ГАО яке аз гурӯҳҳои минтақавии ба монанди Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии зидди пулшӯӣ, яъне ФАТФ буда, соли 2004 таъсис ёфтааст. Мақсади асосии Гурӯҳи мазкур мусоидат ба таҳкими низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар кишварҳои аъзо ва минтақа ба шумор рафта, нуҳ давлат: Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҳиндустон шомили он мебошанд.

Департаменти мониторинги
молиявӣ

Источник: nbt.tj