Фирӯза Шарифӣ муовини нави Раиси вилояти Хатлон таъйин гардид

0
78

Фирӯза Шарифӣ муовини нави Раиси вилояти Хатлон таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 04.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муаррифии муовини навтаъини Раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода муовини Раиси вилоят таъин карда шуд. Дар ин бора   хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки зимни муаррифии муовини навтаъин ба кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маълумот дода шуд, ки Фирӯза Шарифӣ аз 2 ноябри соли 2016 то имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ӯ 6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Оиладор,  соҳиби  як фарзанд мебошад.Солҳои 1995, 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои филологи тоҷик ва иқтисодчӣ хатм намудааст. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ, аз ҷумла Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) ва Ифтихорномаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2014) сарфароз гардонида шудааст.

Фирӯза Шарифӣ тӯли солҳои гуногун ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, ҳамзамон раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, мудири шуъбаи кор бо занони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Фирӯза Шарифӣ дар иҷрои вазифаи нави пурмасъулияташ барору комёбӣ хоста, таъкид намуданд, ки Роҳбари давлат ҳамеша ба нексириштӣ ва азму талоши созандаи занон, ки воқеан илҳом ва тавонбахши ҷомеа мебошанд, такя мекунанд. Аз ин рӯ, бояд тамоми фаъолияти кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба он равона гардад, ки Тоҷикистони азизро ба як давлати ободу зебо, пешрафтаву мутамаддин ва демокративу дунявӣ табдил диҳем.

Источник: khovar.tj