Филми нави коргардони ҷавони тоҷик «То охирон нафас» наворбардорӣ мегардад

0
289

Филми нави коргардони ҷавони тоҷик «То охирон нафас» наворбардорӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 14.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Коргардони ҷавони тоҷик Фирдавс Ниёзов (Нину) тасмим дорад моҳи феврали соли равон филми навбатии худро бо номи «То охирон нафас» наворбардорӣ намояд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, филм дар марҳилаи омодагӣ барои таҳия ва интихоби ҳунармандон қарор дорад.

Гуфта мешавад, ки дар филми мазкур ҳунармандони номии ҷумҳурӣ Лутфулло Давлатов ва Аловуддин Абдуллоев ҷалб мешаванд. Ҳамчунин ҷиҳати ҳамкории эҷодӣ бо хориҷи мамлакат Ричард Колин аз мамлакати Конго ва Эсер София аз Австрия барои нақш офаридан даъват мегарданд. Филм дар жанрҳои экшн, трейлер (тизер) ва детектив таҳия шуда, дар шаҳри Душанбе наворбардорӣ мешавад.

Подоши амал, иродаи мустаҳкам ва парда бардоштан аз болои дурӯғ ҷавҳари асосии филмнома мебошад.

Муаллифи идеяи филмнома Фаррух Хоҷаев буда, қарор аст моҳи феврал марҳилаи наворбардории филми «То охирон нафас» шуруъ гардад.

Мавриди зикр аст, ки  коргардонҳои тоҷик имрӯзҳо дар  чандин фестивалҳои байналмилалӣ иштирок намуда, дар соҳаи кино муваффақ гардидаанд. Филмҳои «Таксӣ»-и Файзулло Файзов ва «Бархурд»-и Фирдавс Ниёзов соли гузашта дар Кинофестивали байналмилалии осиёии Шарм-ул-Шайх (Sharm El-Sheikh Asian Film Festival (SAFF) Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Филми нави коргардони ҷавони тоҷик «То охирон нафас» наворбардорӣ мегардадКинофестивали  мазкур аз 2 то 8 марти соли гузашта дар шаҳри сайёҳии Шарм-ал-Шейхи Ҷумҳурии Мисри Араб баргузор шуда буд. Ин фестивал дар миёни кашварҳои арабӣ яке аз беҳтарин фестивал ба ҳисоб рафта, ҳамбастагии фарҳангҳоро миёни мамолики арабӣ ва осиёӣ бозтоб намуд. Боиси хушнудист, ки маҳсули эҷоди ҷавонони филмофари тоҷик Файзулло Файзов ва Фирдавс Ниёзов дар кинофестивали мазкур иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки филми «Бархурд»-и коргардон Фирдавс Ниёзов  соли  2017 истеҳсол гардида, нахустин филм дар Тоҷикистон аст, ки бештари саҳнаҳояш дар пардаи сабз (Рир) наворбардорӣ шудааст.

Источник: khovar.tj