Филми нахустини Таҳмина Ҳакимова таҳти унвони «Пудина» соҳиби Ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» гардид

0
86

Филми нахустини Таҳмина Ҳакимова таҳти унвони  «Пудина» соҳиби Ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» гардид

ДУШАНБЕ, 02.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Филми нахустини коргардони ҷавон Таҳмина Ҳакимова  бо номи «Пудина» соҳиби Ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» дар соҳаи кинематография  гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар  медиҳад.  

Мавриди зикр аст, ки шоми дирӯз дар кинотеатри «Зебиннисо»-и пойтахт маросими  ҷоизасупорӣ доир гардид. Дар он филми нахустини коргардон ва филмбардори ҷавон Таҳмина Ҳакимова  бо номи «Пудина» соҳиби ҷои аввал, «Умар-ако»-и коргардон, филмбардор ва тадвингар Далери Эмомалӣ соҳиби ҷои дуюм ва «Дуғоб»-и коргардон  Зайнулобиддини Мусо  сазовори ҷои сеюми Ҷоизаи миллии  «Лолаи тиллоӣ» гардиданд.

Ҳамчунин як ҷоиза барои саҳми босазо дар рушди кинои тоҷик ба пайвандони коргардони маъруфи  олами кино  шодравон Комил Ёрматов тақдим карда шуд.

Филми нахустини Таҳмина Ҳакимова таҳти унвони  «Пудина» соҳиби Ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» гардид Филми нахустини Таҳмина Ҳакимова таҳти унвони  «Пудина» соҳиби Ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» гардидЁдовар мешавем, ки  Кинофестивали  «Лолаи тиллоӣ», ки бо ибтикору дастгирии сафорати Франсия ва Маркази фарҳангии «Бохтар» бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  гардид, 25 ноябр оғоз ёфта, 1 декабр дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд.

Мутасаддиёни  фестивал иттилоъ доданд, ки давоми 6 рӯз дар толори кинотеатри «Ватан» ва «Тоҷикфилм» беш аз 20 филми коргардонҳои ҷавони тоҷик пешкаши ҳаводорон ва аъзои ҳакамон гардонида шуд. Ҳайати ҳакамоне, ки аз коршиносони кинои ватанӣ ва байналмилалӣ, продюссерҳо, коргардонҳо ва наворбардорони филм иборат буд, ғолибонро дар 3 марҳила- беҳтарин филми бадеӣ, беҳтарин филми мустанад ва беҳтарин филми кӯтоҳ муайян намуданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи ҷашнвора 30 ноябр дар киностудияи «Тоҷикфилм» муаррифии лоиҳаҳои нави кинои филмсозони тоҷик бо иштироки продюссерони аврупоию коршиносони Аврупо ва семинарҳо оид ба маблағгузории лоиҳа ва ҳамкорӣ дар соҳаи кино баргузор шуданд.

Источник: khovar.tj